Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳои шадидтари Амрико бар зидди Эрон рӯи даст аст


Сенати Амрико ба иттифоқи оро таҳримҳои шадидтареро бар зидди Эрон ба тасвиб расонд. Ба ин таҳримҳо аз ҷумла ҷарима бастани ниҳодҳои молӣ низ дохил мешавнд, ниҳодҳое, ки бо Бонки Марказии Эрон ҳамкорӣ мекунанд. Даромади аслии нафт аслан ба ин бонк ворид мешавад. Ба ҷонибдорӣ аз ин таҳримҳо 100 дарсади намояндагон рай доданд. Ин санад акнун бояд дар Маҷлиси Намояндагони Конгресси Амрико ба тасвиб расад. Сипас он барои имзо ба раиси ҷумҳур ба Барак Обама фиристода мешавад. Давлати Барак Обама аз намояндагон хостааст, ки ба ҷонибдорӣ аз ин санад рай диҳанд. То ҳол бонкҳои Амрико аз ҳамкорӣ бо Бонки Марказии Эрон худдорӣ мекарданд.
XS
SM
MD
LG