Раёсати вазорати адлияи Тоҷикистон дар умури зиндонҳо ба матбуот хабар додааст, ки дар ин кишвар афви эълоншуда дар робита бо 20-ӯмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ба поён расидааст. Дар чаҳорчӯбаи ин тадбир бештар аз 4 300 нафар зиндониён афв шудаанд ва ба хонаводаҳояшон баргашатаанд. Дар миёни онҳо 196 нафар занон ва 153 нафар ноболиғон низ ҳастанд. Мӯҳлати зиндони беш аз 5 ҳазор нафари дигар камтар шудааст. Омори гузашта нишон медиҳад, ки тақрибан 20-30 дарсади афвшудагон баъд аз муддате дубора ҷиноят содир кардаанд ва ба зиндонҳо баргаштаанд.