Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

7 миллион $ ваъдаи ёрии EBRD ба Тоҷикистон


Бонки аврупоии бозсохт ва рушд (БАБР) барои иҷрои барномаи «Беҳбуди низоми обрасонии шаҳрҳои Тоҷикистон» ба ин кишвар 7 миллион вом хоҳад дод. Ба гузориши «Азия Плюс», чунин қарордод байни БАБР ва ширкати «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» имзо шуд. Ҷамъи ҳазинаи ин барнома беш аз 20 миллион доллар баровард мешавад, ки БАБР фақат 7 миллионашро бар ӯҳда гирифт. Тоҷикистон аз соли 1992 узви БАБР буда, ин бонк дар 19 сол ба Душанбе ба маблағи беш аз 280 миллион доллар кумаки молӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG