Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев: Маскав бо шартҳои Тифлис мувофиқ аст


Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, тайид кард, ки Маскав шартҳои Тифлисро, ки барои вуруди кишвараш ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат иҷоза медиҳанд, мепазирад.

Дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Канни Фаронса ӯ гуфт, мақомоти Русия бо пешниҳоди Швейсария, ки дар музокироти миёни Русияву Гурҷистон миёнаравӣ мекунад, мувофиқ аст.

Аз ин пеш хабар дода шуд, ки Маскаву Тифлис бо миёнҷигарии Швейсария дар мавриди мавзӯъи барои Гурҷистон басо муҳим – назорати байнулмиллалии ҳамлу нақли молу мавод тавассути қаламрави Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ ба созиш расидаанд.

Михаил Саакашвилӣ, раисиҷумҳури Гурҷистон, музокироти ахирро чун пирӯзии дипломатияи Тифлис арзёбӣ кард.

Русия, ки аз соли 1993 талоши вуруд ба Созмони ҷаҳонии тиҷоратро дорад, бояд аз ризояти ҳама кишварҳои узви ин созмон бархурдор бошад. Гурҷистон то ҳол ин гуна ризоят надода буд.

Акнун, ба гуфтаи муовини вазири умури хориҷии Русия Сергей Рябков, мавзӯъи вуруди Русия ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат рӯзи 15 декабр дар иҷлосияи ин созмон баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG