Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ҳалли бӯҳрони молиро муҳимтарин вазифа хонд


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико имрӯз гуфт, муҳимтарин вазифа барои раҳбарони ҷаҳонӣ дар нишасти шаҳри Канни Фаронса, ҳаллу фасли бӯҳрони молии Аврупо аст. Барак Обама дар ҳошияи ин нишаст бо Никола Саркозӣ раиси ҷумҳури Фаронса мулоқот кард ва баъди ин мулоқот гуфт:"Мо дар ин мулоқот асосан доир ба тақвияти эҳёи иқтисоди ҷаҳонӣ сӯҳбат кардем, то барои мардуми худ ҷойи кор офарем ва вазъи бозорҳои молии ҷаҳониро ба эътидол оварем. Муҳимтарин вазифаи мо дар ду рӯзи оянда, ҳаллу фасли бӯҳрони молӣ дар инҷо дар Аврупо аст." Бӯҳрони молӣ дар ҳавзаи евро ва вазъи Юнони дармонда ба нишасти сарони 20 кишвари санъатӣ ва дар ҳоли нумӯъи ҷаҳон соя афкандааст. Юнон бо эъломи онки барномаи наҷоти молиашро дар раъйпурсӣ хоҳад гузошт, сабаби талотум дар бозорҳои ҷаҳон шуд.
XS
SM
MD
LG