Нахуствазири собиқи Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар пирӯз шуд, вале рақибони ӯ гуфтанд, ки натиҷаҳои овоздиҳиро эътироф нахоҳанд кард. Дар як нишасти матбуотӣ дар Бишкек Отамбоев гуфт, ки талош мекунад аз роҳи музокирот ихтилофҳои бамиёномадаро ҳал кунад:
“Ман мехоҳам, ки аз ин баъд мо дар Қирғизистон, мисле, ки дар Аврупо мебинем, ба музокира одат кунем. Дар оянда бояд ҳама масъалаҳо бо роҳи сулҳ ва созиш ҳаллу фасл шаванд, то ки дигар дар кишвар мо инқилоб нашавад ва дар давлати мо сулҳу субот барқарор шавад”.
Отамбоев бо ҳадафи ширкат дар интихобот аз мақоми нахуствазирӣ канор рафт. Дар интихобот беш аз 60 дар сади мардуми дорои ҳақи раъй иштирок карданд. Ҳайати нозирони САҲА дар изҳороте мегӯяд, ки алорағми баъзе камбудиҳо, раъйгирӣ дар шароити сулҳомез барпо шуд. Вале рақибони аслии Отамбоев Адахон Мадумаров ва Қамчибек Тошиев, ки натавонистанд беш аз 15 дар сади раъйи тарафдоронро ба даст оваранд, мегӯянд, дар раъйгирӣ тақаллуб роҳ ёфт.
Мадумарову Тошиев аз ҷануби кишвар ҳастанд, ки порсол, баъди саркӯби режими Қурмонбек Боқиев шоҳиди низоъҳои байниқавмӣ шудааст. Дар паи задухӯрдҳои миёни қирғизу ӯзбактаборҳои маҳаллӣ садҳо нафар кушта шуданд. Полис мегӯяд, ки имрӯз садҳо тарафдорони Тошиев роҳи пайвасткунандаи шимолу ҷануби Қирғизистонро баста, дар Ҷалолобод низ мардум ба хиёбонҳо мерезанд. Иттилое дар бораи хушунатҳо дар даст нест.