Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори мустақили беларусӣ ҷаримабандӣ шуд


Як хабарнигори мустақили Беларус, ки дар роҳ ба як ҳамоиши эътирозии мухолифин боздошт шуда буд, барои таҳқири полис дар ҳаҷми 20 доллар ҷаримабандӣ шуд. Бахши Беларусии радиои Озодӣ мегӯяд, ки Кастус Шитал рӯзи 7 октябр зимни сафар аз шаҳри шарқии Мёри бо ҳадафи пайгирии ҳамоиши эътирозии мухолифин дар наздикии шаҳри Дзисна рӯзи дигараш боздошт шуд. Полиси роҳ, ки ӯро нигоҳ дошт, гуфт, ки чеҳраи вай ба як нафаре шабоҳат дорад, ки бо мошине тасодуф кардааст, вале дар натиҷаи хархашаи журналист, ӯро дар бадлафзиву таҳқири ходими полис муттаҳам карданд. Полис мегӯяд, ки хабарнигор нахост шиносномаи худро нишон диҳад. Шитал 48 соатро дар боздоштгоҳ сипарӣ кард ва баъдан рӯзи 10 октябр мурофиаи додгоҳҳии ӯ шурӯъ шуд. Ҳукми додгоҳ имрӯз содир шуд ва хабарнигор онҳо дорои ангезаи сиёсӣ медонад.
XS
SM
MD
LG