Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҷангҷӯи хатарноки Ал-Қоида кушта шуд


Як ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрико, дар ҳамлае дар ҷануби Яман ҳафт узви як ҳалқаи Ал-Қоида, аз ҷумла Иброҳим ал-Бано, раҳбари бахши тарғиботии онро, куштааст. Дар ин бора вазорати дифоъи Яман хабар дод. Қабиласолорони яманӣ дар ин минтақа ҳамчунин гуфтанд, ки бар асари ҳамла дар вилояти ҷанубушарқии Шабво, писари Анвар Авлакӣ, як рӯҳонии ифротгарои зодаи Амрико низ кушта шудааст, ки худи ӯ дар чунин ҳамла дар моҳи гузашта ҷон дод. Ҳалқаи Ал-Қоида дар нимҷазираи Арабро яке аз ҳалқаҳои фаъолтарини ин шабака медонанд ва аъзои он гоҳ гоҳе ҳадафи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико қарор мегиранд.
XS
SM
MD
LG