Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия ба Фаронса: Аввал гиребони худро бӯй кунед


Вазорати умури хориҷии Туркия ба Фаронса гуфт, як дафъа ба гузаштаи мустамликадории худ бингарад. Ин изҳорот баъд аз он садо дод, ки раисиҷумҳури Фаронса, Никола Саркозӣ аз Туркия хост, қатли арманиҳоро дар Туркияи усмонӣ дар давраи Ҷанги Ҷаҳонии Аввал ҳамчун “наслкушӣ” эътироф кунад. Вай ҳамчунин гуфт, тарҳи қонунеро ба порлумони кишвараш пешниҳод хоҳад кард, ки бино бар он радди қатли оми арманиҳо ҷиноят шумурда шавад. Вазири корҳои хориҷии Туркия, Аҳмад Довудоғлу дар нишасти хабарӣ дар Анкара гуфт, Фаронса пеш аз дарс додан ба дигарон дар мавриди рӯёрӯӣ бо таърихи худ бояд ба гузаштаи мустамликадории хеш бингарад. Арманистон мегӯяд, дар давраи Ҷанги Ҷаҳонии Аввал, ҳангоми фурӯпошии салтанати туркони усмонӣ якуним миллион арманиҳо аз дасти туркҳо ба қатл расидаанд. Туркия арқомро зери суол мебарад ва ба наслкушӣ шумурдани он мухолиф аст. Довудоғлу гуфт, Туркия ва Арманистон ба беҳбуди равобити байниҳамӣ талош доранд ва изҳороти Саркозӣ ба ин талошҳо таъсири манфӣ хоҳад дошт. Саркозӣ ҳамчунин ба узвияти Туркия дар Иттиҳоди Аврупо мухолиф аст
XS
SM
MD
LG