Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сохтмони бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Душанбе


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми кор дар маҳалли сохтмони бузургтарин масҷид дар шаҳри Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми кор дар маҳалли сохтмони бузургтарин масҷид дар шаҳри Душанбе

Сохтмони масҷиди ҷомеъ барои яксаду понздаҳ ҳазор намозгузоранда дар пойтахти Тоҷикистон оғоз ёфт.

Ин бузургтарин масҷиди ҷомеъ дар минтақа хоҳад буд, ки бо 100 миллион доллар маблағи Тоҷикистону Қатар дар тӯли тақрибан чаҳор соли оянда бунёд хоҳад шуд.

Мақомот мегӯянд, барои сохтмони ин масҷиди бузург ҷониби Тоҷикистон 30 миллион ва ҷониби Қатар 70 миллион доллар харҷ мекунад. Бино ба қавли манобеи расмӣ, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ширкати “Сомон-сохтмон” сурат мегирад.

Рӯзи панҷуми октябр Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба маҳалли сохтмони ин масҷид омад ва ба экскаватор нишаста, бо кандани сангу шағал ва бор кардани он ба мошини боркаш ба омода кардани зербинои ин масҷиди бузург оғоз бахшид.

Бунёди бузургтарин масҷиди ҷомеъ дар Тоҷикистон дар ҳоле оғоз мешавад, ки санги нахустини сохтмони ин масҷид моҳи октябри соли 2009 гузошта шуда буд.

Тибқи ин тарҳ, масҷид аз 4 манораи баландиаш 65-метра, гунбази 47- метра, толори бузург ва толорҳои хурди намозгузорӣ ва толору утоқҳои сершумори дигар иборат хоҳад буд. Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, “дар толору айвонҳо 50 ҳазор ва дар саҳни ҳавлию атрофи масҷид 60 ҳазор, ҷамъ то 115 ҳазор нафар дар як вақт метавонанд намоз хонанд.”
XS
SM
MD
LG