Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аббос аз Исроил эътирофи давлати Фаластинро тақозо кард


Аббос ба Ню-Йорк расид
Аббос ба Ню-Йорк расид
Маҳмуд Аббос имрӯз аз Исроил тақозо кард, ки Фаластинро ба унвони як давлати мустақил эътироф кунад ва имконияти сулҳ бо ин кишварро аз даст надиҳад. Изҳороти раҳбари Фаластин ба ҳангоми расидан ба шаҳри Ню-Йорк садо дод. Маҳмуд Аббов ба хотири ироаи дархости расмӣ дар заминаи ташкили давлати мустақили Фаластин дар маҷмаи кулли СММ он ҷо рафтааст. Қарор аст, баъди суханронӣ дар маҷмаи кулл рӯзи ҷумъа Маҳмуд Аббос дархости узвияти кишварашро дар СММ ироа кунад. ИМА таҳдид кардааст, ки ҳама гуна ҳаракатро дар ин замина дар Шӯрои амнияти СММ вето мекунад, ба ин далел, ки ҳама гуна мувофиқа дар заминаи ташкили давлати Фаластин бояд бар пояи музокира бо Исроил ҳосил шавад. Фаластиниҳо дар навбати худ мегӯянд, ки то замони масдуд шудани сохтмони шаҳракҳо дар манотиқи баҳсӣ аз музокирот рӯ метобад. Аббос айни замон мегӯяд, ки талоши Фаластин барои узвият дар СММ набояд имкони музокирот бо Исроилро соқит кунад. Баъди ду соли таваққуф дар музокироти дуҷониба, гуфтугӯҳои нави байни Фаластину Исроил ҳамагӣ чанд ҳафта дар моҳи сентябр идома карду дубора дучори мушкил шуд. Дар давоми чанд ҳафтаи ахир гузоришҳои зиёд дар бораи пурхушунат шудани вазъи минтақа ба гӯш мерасад.
XS
SM
MD
LG