Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама Макфоулро сафири Амрико дар Русия таъйин мекунад


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Барак Обама мушовири аршади худ, Майкл Макфоулро ба мақоми сафири Амрико дар Русия пешбарӣ кард. Макфоули 47-сола яке аз меъморони асосии стратегияи “оғози дубора”-и муносибатҳо бо Русия аст, ки созшиномаи нави коҳиши силоҳи ҳастаиро ба дунбол дошт. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия Александр Лукашевич гуфт, Маскав аз таъйиноти Макфоул истиқбол мекунад.
XS
SM
MD
LG