Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи Жак Ширак шурӯъ мешавад, аммо ..


Интизор меравад, имрӯз муҳокимаи додгоҳии Жак Ширак, раиси ҷумҳури пешини Фаронса дар шаҳри Порис шурӯъ шавад. Жак Ширак, ки аз соли 1995 то соли 2007 раиси ҷумҳур буд, бо чанд нафари дигар ба истифодаи нодурусти маблағҳои давлат ва сармоягузории Ҳизби муҳофизакор муттаҳам мешаванд. Ба гуфтаи додситонҳо ин корро онҳо дар солҳои 1997 то соли 1995 замони шаҳрдори Порис будани Жак Ширак кардаанд. Ӯ тамоми иттиҳомот алайҳи худро рад кардааст. Вакилони дифоъаш мегӯянд, Жак Ширак ба далели беморӣ ва сактаи мағзии чанд соли пеш наметавонад дар додгоҳ ҳозир шавад.
XS
SM
MD
LG