Тӯфони тарсноки Ирен, ки бо суръати 104 километр соат ба шаҳри Ню Йорки Амрико расид, заъиф шуда ва тундбод табдил ёфтааст. Аммо тӯфон кори худро кард ва баъзе аз маҳалҳои наздисоҳилии Ню Йоркро зери об монд. Майкл Блумберг шаҳрдори Ню Йорк, рӯзи шанбе аз мардуме, ки манотиқи осебпазир дар баробари фалокатро тарк накардаанд, хост аз хонаҳояшон берун наоянд:"Вақти интиқол ба ҷойи амн тамом шуд ва ҳама бояд ба хонаҳояшон бираванд ва то замони беҳтар шудани вазъи ҳаво, ки ғолибан то шоми якшанбе беҳтар нахоҳад шуд, бимонанд. Ман итминон медиҳам, ки ин 24 соатро пушти сар мекунем. Шаҳрдорӣ барои рафъи тамоми мушкилот, тамоми чораҳоро андешидааст." Майкл Блумберг дастур дода буд, то 370 ҳазор сокинони маҳалҳои наздисоҳилии Ню Йорк, ба ҷойи амн бираванд ва ҳаракати нақлиёти умумӣ ҳам боздошта шудааст. То кунун бар асари ин тӯфон дар Амрико 9 нафар ҳалок шудаанд.