Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон бо Фриден сарнавишти Роғунро баррасӣ кард


Сарнавишти нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон рӯзи шанбе зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Йорг Фриден, яке аз мудир омилони Бонки Ҷаҳонӣ баррасӣ шудааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, зимни мулоқот, ҷараёни арзёбии таъсироти зистмуҳитии нерӯгоҳ ва таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии он баррасӣ шудааст. Рӯзи 16 август, гурӯҳи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дод, бо назардошти регу санге, ки рӯдхонаи Вахш меорад, дар бастани маҷрои рӯдхона шитоб накунад. Аммо Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, бастани маҷрои Вахш ва бардоштани садди Роғун моҳи ноябри ҳамин сол шурӯъ хоҳад шуд. Давлати Тоҷикистон то кунун ба ин пешниҳод посух надодааст.
XS
SM
MD
LG