Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоӣ дар "Рӯзи Қудс" дар Эрон


Имрӯз даҳҳо ҳазор нафар дар Теҳрон ва дар шаҳрҳои дигари Эрон дар “Рӯзи Қудс” раҳпаймоӣ анҷом доданд. Ин яке аз раҳпаймоиҳои солона аст, ки ҳукумат иҷоза медиҳад, то дар он ҳамбастагӣ ба мардуми Фаластин ва зиддият ба Исроилро нишон диҳанд. Телевизиони давлатии Эрон анбуҳи бузурги мардумро аз шаҳрҳои аслӣ нишон медод, ки шиорҳои “Марг бар Исроил”, “Марг бар Амрико” ва аксҳои Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ-раҳбари инқилоби исломии Эрон дар даст раҳпаймоӣ мекарданд. Президент Маҳмуди Аҳмадинежод дар раҳпаймоии Теҳрон ширкат кард.
XS
SM
MD
LG