Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарони чаҳор кишвар хостори истеъфои Асад шуданд


Сарони ИМА, Бритониё, Олмон ва Фаронса имрӯз хостори истеъфои сарвари Сурия Башор Асад шуданд.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ҳамчунин дар бораи ҷорӣ кардани таҳримҳои нав алайҳи ҳукумати Сурия хабар дод. Ҳама ҳисобҳои бонкии ҳукумати Сурия дар Амрико мунҷамид шуда, сармоягузорӣ ба ин кишвар ва содирот аз он ҷо манъ карда шудааст.

Қарор аст имрӯз Шӯрои амнияти СММ авзоъ дар Сурияро баррасӣ кунад. Дар ин нишаст раиси Идораи СММ дар умури ҳуқуқи башар Навӣ Пиллай суханронӣ карда, бар поияи бархе хабарҳо, хостори бозрасии далелҳои нақзи ҳуқуқи башар дар Сурия аз сӯи Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ хоҳад шуд.

Аз ин пештар раисиҷумҳури Сурия Башор Асад дар сӯҳбати телефонӣ бо Дабири кулли СММ Бан Ки Мун изҳор намуд, ки Димишқ ҳама гуна амалиёти низомӣ алайҳи мухолифин дар сартосари кишварро қатъ мекунанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия мегӯянд, ки тайи панҷ моҳи ахир бар асари саркӯбсозии намоишҳои мухолифин дар кишвар тақрибан ду ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Имрӯз Швейсария ба нишони эътироз алайҳи ин саркӯбсозҳо сафири худро аз Сурия бозхонд.
XS
SM
MD
LG