Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими 50-умин солгарди оғози бунёди девори Берлин


Дар Олмон рӯзи шанбе аз 50-умин солгарди оғози бунёди девори Берлин ёдоварӣ карданд, ин шаҳрро барои 28 сол ду тақсим кард. Субҳи 13 августи соли 1961 сокинони Берлини шарқӣ шоҳиди сарбозони мусаллаҳи зиёде шуданд, ки хиёбонҳоро баста, роҳҳои оҳанро мебуриданд ва аз миёни шаҳр девор ва симхор мекашиданд. Тайи солҳо ин девор ҳам баландтар ва дарозтар шуд ва то 155 километр тӯл кашид. Дар маросиме бахшида ба ин рӯз, Клаус Вовервейт, шаҳрдори Берлин гуфт, ин девор набояд аз хотири мардуми Олмони муттаҳид зудуда шавад. Кристиан Вулф раиси ҷумҳур ва ва Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, ки ҳарду дар Олмони шарқӣ бузург шудаанд, дар маросим ҳузур доштанд.
XS
SM
MD
LG