Раҷаб Тайид Эрдуғон, нахуствазири Туркия, изҳор намуд, ки Анқара аз ин баъд шоҳиди бетафовути ҳаводиси Сурия боқӣ нахоҳад монд.
Ӯ гуфт, ки рӯзи сешанбе вазири умури хориҷӣ Аҳмад Довудоғлу ба Димишқ сафар мекунад ва нигаронии Туркия аз афзоиши хушунат дар Сурияро ба мақомоти кишвари ҳамсоя мерасонад.
Дар ҳамин ҳол низомиёни Сурия амалиёти саркӯбсозии намоишҳои эътирозӣ дар шаҳри Дайр-ал-Зур, воқеъ дар шарқи кишварро шурӯъ карданд.
Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, артиш чанд минтақаи шаҳрро таҳти назорат қарор дод. Амалиёт алайҳи мухолифин дар шаҳри Ҳамо низ идома дорад.
Дирӯз Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, дар як сӯҳбати телефонӣ бо раисиҷумҳури Сурия аз Башор Асад даъват намуд, ки ба истифодаи нерӯи низомӣ алайҳи эътирозгарон фавран хотима гузорад.
Ба иттилоъи ҳомиёни ҳуқуқи башар, бар асари саркӯбсозии намоишҳои эътирозӣ, ки моҳи март боз идома доранд, тақрибан 1650 нафар ба ҳалокат расидаанд.