Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи ғизои СММ тақсими ғизоро дар миёни мардуми Сомалӣ аз роҳи ҳавоӣ ба роҳ мемонад


Барномаи ғизои СММ мегӯяд, ки аз имрӯз эътиборан ба мардуми Сомалӣ аз роҳҳои ҳавоӣ тақсими ғизоро шурӯъ мекунад. Аз рӯи иттилои мутахассисон, 30 дар сади сокинони ин кишвар ё 3,7 миллион нафар сокини Ҷибутӣ, Эфиопия, Кения ва Уганда аз гуруснагии шадид азоб мекашанд. Мегӯянд, ҳоло ин минтақа бо шадидтарин хушксолӣ дар 60 соли охир рӯбарӯ шудааст. Дар нишасти изтирории Барномаи ғизои СММ дар Рум дирӯз қарор шуд, ки аз имрӯз эътиборан ба пойтахти Сомалӣ Могадишу ва ҳамчунин ду минтақаи ҳамсарҳад бо Эфиопияву Кения интиқоли маводи хӯрок ба роҳ монда шавад. Мушкили СММ дар он аст, ки шӯришиёни исломӣ, ки бахши аъзами Сомалиро таҳти контроли худ нигоҳ медоранд, намегузоранд, ки Барномаи ғизо дар ин қаламрав амал кунад.
XS
SM
MD
LG