Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти ИА дар робита ба озодии Урунбой Усмонов


Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз озодии хабарнигори Би-би-сӣ Урунбой Усмонов, ки як моҳро дар маҳбас ба сар бурд, истиқбол кард. Маҳбуба Абдуллоева, мушовири Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, сафири эътилоф идомаи қазияро низ зери назар хоҳад дошт. Сафирони Иттиҳоди Аврупо ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо борҳо аз мақомоти Тоҷикистон озодии Усмоновро хоста буданд. Созмонҳои журналистии Тоҷикистон низ озодии хабарнигори Би-би-сиро рӯйдоди мусбат номиданд. Урунбой Усмонов рӯзи 13-уми июн бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи тундрави исломӣ боздошт шуда, дертар ин иттиҳом лағв шуд ва мақомоти амниятӣ ӯро ба огоҳ накардани онҳо аз гуфтугӯяш бо узви Ҳизби таҳрир муттаҳам карданд. Рӯзи панҷшанбе Усмонов бо қарори Додситонии кулли Тоҷикистон ба озодӣ баромад.
XS
SM
MD
LG