Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шрайвер расман аз Швартсенеггер талоқ хост


Шрайвер ва Швартсенеггер
Шрайвер ва Швартсенеггер
Мария Шрайвер рӯзи ҷумъа расман аз додгоҳи олии Лос-Анҷелес хост, то ӯро аз шавҳараш Арнолд Швартсенеггер ҷудо кунад. Хабарнигори собиқи телевизион ва узви хонаводаи маъруфи Кеннедӣ дар дархосташ ба додгоҳ ихтилофоти ҳаллношуданиро далел овардааст. Ин дархост 6 ҳафта баъд аз изҳороти ситораи Ҳолливуд ва волии собиқи Калифорния Арнолд Швартсенеггер аст, ки фарзанд доштанаш аз як хидматгори худро эътироф кард. Шрайвер ва Швартсенеггер низ 2 писари яке 17 ва дуввумӣ 13-сола доранд.
XS
SM
MD
LG