Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуот: Мағлубияти "Истиқлол" ҳодисаи беназири чемпионати лигаи олӣ аст


«Азия-Плюс» гузориш медиҳад, ки дастаи футболи “Истиқлол” барои нахустин бор мағлуб шуд. Рӯзи шанбе, дар сабқати миёни “Истиқлол”-и Душанбе ва “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, голи натиҷавиро Аҳтам Ҳамроқулов ба дарвозаи меҳмонҳои пойтахт ворид кардааст.

Рӯзи шанбе дар чаҳорчӯби мусобиқаҳои лигаи олӣ якбора се бозӣ баргузор шуда, ҳодисаи муҳимтарин, мегӯяд «Азия-Плюс», мағлубияти қаҳрамони кишвар – дастаи “Истиқлол” гардид. Мунаққидон мегӯянд, бо сабаби ба ҳайати “Истиқлол” шомил будани бозигарони бонуфуз, ки яке аз онҳо писари президент – Рустами Эмомалӣ аст, мусобиқаҳо на ҳамеша одилона доир шуда, гоҳо доварон ба иштибоҳҳои ин даста чашм мепӯшанд.

Ҳафтаи гузашта сабқати “Истиқлол” бо дастаи “Равшан”-и Кӯлоб боиси сар задани ошӯбҳо шуд, ки дар натиҷа, як нафар кушта шуда, беш аз 10 нафар маҷрӯҳ гардиданд.
XS
SM
MD
LG