Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фардо сафари аврупоии Раҳмон шурӯъ мешавад


Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор аст фардо, 5 июн силсилафари якҳафтаинаи худро ба Аврупо шурӯъ кунад. То таърихи 12 июн ӯ аз кишварҳои Фаронса, Австрия, Венгрия ва Люксембург дидан мекунад.

Ҳамчунин, суханронии ӯ дар Парлумони Аврупо дар назар аст. Бино ба иттилои Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳадафи аслӣ аз ин сафар ҷалби сармояи кишварҳои хориҷӣ ва ҳамкории давлатҳои ғарбӣ дар барномаҳои муҳими энержии Тоҷикистон мебошад.

Интизор меравад, ки яке аз мавзӯъҳои матрӯҳа – сохтмони нирӯгоҳи Роғун ва талоши дарёфти пуштибонии ғарб аз ин тарҳ хоҳад буд, ки мухолифати зиёдро дар миёни ҳамсояҳои Тоҷикистон ба миён овардааст.
XS
SM
MD
LG