Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рахнагарони интернетӣ ширкати “Сонӣ”-ро "торумор" карданд


Гурӯҳе аз рахнагарони интернетӣ шабакаи “Сонӣ”-ро ҳадаф қарор дода, зиёда аз 1 миллион калидвожа, нишонии имейл ва иттилои дигарро рабудааст. Ин гурӯҳ, ки худро “Лулзсек” меномад, мегӯяд, кори худро ончунин осон анҷом дод, ки хост, амнияти “шармсорона”-и ширкати “Сонӣ”-ро намоиш диҳад. “Сонӣ” дар навбати худ гуфтааст, аз қазия огоҳ аст ва онро таҳқиқ мекунад. Ҳамагӣ як моҳ пеш рахнагарони дигар 77 миллион расмулҳисоби “Сонӣ”-ро рабуда буданд, ки бузургтарин ҳамлаи электронӣ дар таърихи интернет ба шумор меравад. Ширкат маҷбур шуда буд, кори бархе аз торнамоҳои хешро қатъ кунад.
XS
SM
MD
LG