Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 28 нафар дар шаҳри Санъои Яман


Нерӯҳои қабилавӣ саъй доштанд, то қароргоҳҳои ҳукуматӣ аз ҷумла вазорати умури дохилаи Яманро ишғол кунанд.
Нерӯҳои қабилавӣ саъй доштанд, то қароргоҳҳои ҳукуматӣ аз ҷумла вазорати умури дохилаи Яманро ишғол кунанд.
Вазорати дифоъи Яман эълом кард, ки бар асари таркиш дар як анбори силоҳ дар пойтахт шаҳри Санъо, 28 нафар кушта шуданд. Вале мухолифон, мегӯянд, ин ҳарфи ҳукумат дурӯғ аст ва он афрод бар асари ҳамлаҳои нерӯҳои вафодор ба Алӣ Абдулло Солеҳ, раиси ҷумҳури Яман ба маҳалҳои маскунӣ ҳалок шудаанд. Даргирӣ миёни ин нерӯҳо ва тарафдорони Содиқ ал-Аҳмар, раҳбари бонуфузи қабилаӣ дар Яман дар шаҳри Санъо имрӯз шиддат гирифтааст. Нерӯҳои қабилавӣ саъй доштанд, қароргоҳҳои ҳукуматӣ , аз ҷумла вазорати умури дохилиро ишғол кунанд. Аз рӯзи душанбе то кунун бештар аз 100 нафар дар ин даргириҳо кушта шудаанд. Амрико ба баъзе аз дипломатҳояш ва хонаводаҳои онҳо дастур додааст, то Яманро тарк кунанд. Садҳо ҳазор яманӣ бо шурӯъи тазоҳурот аз моҳи феврал хостори барканории Алӣ Абдулло Солеҳ шуданд, ки 32 сол боз дар Яман ҳукумат мекунад.
XS
SM
MD
LG