Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби Бан Ки-мун аз раисиҷумҳури Сурия


Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Бан Ки-мун шахсан аз президенти Сурия, Башор ал-Асад талаб кардааст, саркӯби хунини тазоҳуркунандагони зиддиҳукуматиро қатъ намояд. Сухангӯи Дабири кулл, Мартин Несирски гуфт, Бан ҳамчунин аз раҳбари Сурия даъват кард, ба гурӯҳи башарии Созмони Милал иҷозаи вуруд ба манотиқи хушунатҳо диҳад ва бо Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал дар тақҳиқи нооромиҳои Сурия ҳамкорӣ кунад. Дар ин байн, раҳбари Сурия Башор ал-Асад дар нашрияи “Ал-Ватан” гуфтааст, амалиёти ҳарбӣ ба зудӣ поён хоҳад ёфт. Ин дар ҳолест, тонку зиреҳпӯшҳои давлати Сурия ба шаҳри Ҳумси ин кишвар, ки акнун ба маркази нави ошӯбҳо табдил ёфтааст, ворид шуданд.
XS
SM
MD
LG