Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон муаллифони ду китобро меҷӯянд


Мақомоти амниятии Қирғизистон гуфтаанд, онҳо муаллифони ду китоберо ҷустуҷӯ мекунанд, ки дар бораи даргириҳои фоҷеабори қавмии соли гузашта ба нашр расидааст. Бими он меравад, ки ин китобҳо бори дигар хушунатҳои қавмиро дар кишвар доман занад. Имрӯз дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон эъломияе ба нашр расонд ва дар зимн акси ин ду китобро мунташир сохт. Ин китобҳо бо номҳои “Фалсафаи шиканҷа, соати шағолон” ва “Фалсафаи шиканҷа, қатли ом идома дорад, шағолон ҳанӯз нарафтаанд” аз чоп баромадаанд. Сухангӯи кумитаи мазкур гуфтааст, се кумиссиюн ташкил шудааст, то навиштаҳои ин китобҳоро бисанҷанд. Ин ду китоб соли гузашта дар хориҷ аз Қирғизистон ба нашр расидааст. Додгоҳи Бишкек тақсими китоб ва дискҳои марбут ба онро мамнӯъ эълон кардааст. Дар даргириҳои қавмии соли гузашта тақрибан 400 нафар кушта шуда буданд.
XS
SM
MD
LG