Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кучма дар куштори Гонгадзе гумонбар дониста мешавад


Леонид Кучма
Леонид Кучма
Имрӯз Леонид Кучма-раиси ҷумҳури пешини Украина гуфт, вай дар робита бо куштори Георгий Гонгадзе-рӯзноманигори таҳлилгар гумонбар дониста шудааст. Гонгадзе соли 2000 ба қатл расида буд. Дафтари Додситонии кулли Украина рӯзи сешанбе бар зидди Леонид Кучмаи 72-сола ва раиси ҷумҳури пешин ба эҳтимоли даст доштан дар куштор ва сар буридани Гонгадзе парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Кучма аз соли 1994 то соли 2005 дар Украина раиси ҷумҳур буд. Моҳи сентябри соли 2000-ӯм Гонгадзе рабуда шуд ва баъдтар ҷасади бесари вайро дар қабре дар наздикии шаҳри Киев пайдо карданд.
XS
SM
MD
LG