Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мақоми вазорати дифоъи Русия зиндонӣ шуд


Як мақоми вазорати дифоъи Русияро бо гуноҳи ришвахорӣ ба ҳафтуним соли зиндон маҳкум кардаанд. Ба гузориши бахши русии Радиои Озодӣ, бо амри додгоҳ Сергей Емелин, раиси бахши сохтмони вазорат ҳақ надорад, баъди озодиаш то се соли дигар ягон мақоми расмии давлатиро соҳиб шавад. Муфаттишон мегӯянд, Сергей Емелин дар ивази додани санадҳои тақаллубӣ аз ширкатҳои сохтмонӣ даҳҳо ҳазор доллар ришва мегирифтааст. Ӯро моҳи декабр ҳангоми гирифтани 144 ҳазор доллар боздошт карданд.
XS
SM
MD
LG