Рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Барнаули Русия се ҷавонро бо гуноҳи қатли як донишҷӯи Куриёи Ҷанубӣ ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум карданд. Донишҷӯён Антон Бердихин ва Александр Елтсов бо як ноболиғи дигар соли гузашта ба Киенг Бйонг Гил, як донишҷӯи таҷрибаомӯз ва ҳамроҳи ӯро бераҳмона латукӯб карданд, ки аввалӣ дар бемористон ҷон дод. Додгоҳ гуфт, ҳар се нафар дар ҷиноятҳои дигар дар заминаи бегонаситезӣ даст доштаанд ва амр дод, то ба хонаводаи қурбонӣ 17 ҳазору сесад долларӣ ҷуброн пардозанд.