Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Покистон Девисро расман айбдор кард


Додгоҳи Покистон имрӯз ходими Ожонси иктишофии Амрико Раймонд Девисро расман ба ду мавриди қатл айбдор кард. Дар сурати дайн шудани ин иттиҳом, Девис метавонад ҳатто ҳукми қатл бигирад. Девис мегӯяд, рӯзи 28 январ дар шаҳри Лоҳур ду покистонии мусаллаҳро ба хотири дифоъ аз ҷони худ паррондааст. Мақомоти Амрико мегӯянд, ки ӯ масунияти дипломатӣ дорад ва бояд озод карда шавад. Ин қазия мояи сард шудани равобити Амрико бо Покистон, як муттаҳиди калидии Ғарб дар ҷанг алайҳи террор, шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG