Бар асари таркиши бомби канори роҳ дар ҷанубушарқи Афғонистон 12 мусофири як мошин кушта шудаанд. Муҳибуллоҳ Самим, волии вилояти ошӯбзадаи Пактико гуфт, ин мусофиркаш дар роҳи бозгашт аз Покистон таркид. Самим афзуд, дар байни қурбониён занону кӯдакон низ будаанд.