Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Испания сафирашро аз Теҳрон бозмехонад?


Испания эълом дошт, ки агар мақомоти Эрон тайи 48 соат сабабҳои боздошти консули Испания дар Теҳронро ташреҳ накарда барои ин амал маъзарат нахоҳанд, сафири худро аз Теҳрон бозмехонад. Дипломат Игнасио Перес-Камбра баъди он ки аз ҷойи тазоҳуроти рӯзи душанбе дидан кард, дар даромадгоҳи сафорати Испания дар Теҳрон боздошт шуд. Ӯро баъд аз чаҳор соат бидуни ташреҳи сабабҳои боздошт раҳо карданд.


Имрӯз Ромини Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон, дар посух ба пуштибонии Кохи Сафед аз ширкаткунандагони тазоҳурот дар Эрон гуфт, ки кишварҳои минтақа дахолати дигар кишварҳо ба умурашонро қабул надоранд.
Ин изҳорот ба думболи даъвати Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, пахш шуд, ки ба мақомоти Эрон сабақи Мисрро ёдовар шуда хоста буд, ки Теҳрон дар баробари шаҳрвандони худ бозтар бошад.


Рӯзи душанбе ҳазорон нафар ба хиёбонҳои Теҳрон ва дигар шаҳрҳои бузурги Эрон рехта, аз намоишҳои зиддди режимҳои худкома дар Тунису Миср ҷонибдорӣ карданд. Ҳангоми аз сӯи нерӯҳои амниятӣ пароканда шудани намоишҳо як нафар кушта ва чандин нафар захмӣ шуданд, даҳҳо нафар ба боздоштгоҳ интиқол ёфтанд.


Имрӯз раҳбари идораи сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон ҳам аз истифодаи нерӯ алайҳи эътирозгарони эронӣ интиқод кард аз ҳуқуқи шаҳрвандони Эрон барои изҳори ақида аз роҳи осоишта пуштибонӣ намуд.

XS
SM
MD
LG