Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагӣ дар Миср вориди маҷрои пешин мешавад


Низомиён майдонро поккорӣ мекунанд
Низомиён майдонро поккорӣ мекунанд
Имрӯз дар Миср нахустин ҷаласаи Шӯрои олии низомӣ баъд аз истеъфои раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборак доир хоҳад шуд. Қарор аст, ки дар он нахустин гомҳо дар самти ислоҳоти сохтори давлатӣ бардошта шавад.
Имрӯз дар Қоҳира ва дигар шаҳрҳои бузурги Миср зиндагӣ ба маҷрои қаблии худ ворид мешавад ва аз ҷумла, ба иттилоъи хабаргузориҳо, дӯкону мағозаҳо дарҳои худро боз хоҳанд кард.

Низомиёни мисрӣ поксозии майдони Таҳрирро, ки беш аз ду ҳафта ҷойи баргузории тазоҳуроти мардумӣ буд, идома медиҳанд. Низомиён сангарҳои атрофи майдонро бардошта, роҳҳо барои ҳаракати нақлиётро боз карданд. Онҳо аз ҳама тазоҳургарон даъват кардаанд, ки майдонро тарк намоянд. Ва аммо ҳазорҳо нафар то ҳанӯз дар майдони Таҳриранд ва мегӯянд, ки то таъсиси ҳукумати нав дар он ҷо хоҳанд монд.

Аз ин пештар хабар дода шуда буд, ки мақомот ба чанд тан аз атрофиёни Ҳуснӣ Муборак, аз ҷумла, сарвазири пешин, собиқ вазири умури дохилӣ ва вазири иттилоот иҷозаи хуруҷ аз кишварро надоданд.
XS
SM
MD
LG