Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби адибони белорус барои дидорбинии Некляев


Олга Некляева, хонуми номзад ба мақоми раёсатҷумҳурии Белорус Владимир Некляев ва гурӯҳи адибони маъруфи кишвар аз Додситонии кулл ва Кумитаи амнияти миллии Белорус талаб карданд, ки ба онҳо барои мулоқот бо ин адибу сиёсатмадори боздоштшуда иҷоза диҳанд. Тибқи хабарҳо дар Интернет, Некляев бар асари латукӯби шадид ё кушта шудааст ваё дар вазъи сангин қарор дорад.
Рӯзи 19 декабр, баъд аз эълони натоиҷи пешакии интихоботи раёсатҷумҳурӣ, кормандони милисаи Белорус ҳамоиши мухолифинро пароканда ва беш аз 600 нафари онҳо, аз ҷумла, шаш довталаби курсии раёсатҷумҳурӣ ба шумули Некляевро боздошт карданд. Мақомоти Белорус бархе аз боздоштшудаҳоро дар “ташкили бенизомиҳо” айбдор мекунанд, ҷурме, ки барои он бар пояи қавонини кишвар, 15 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG