Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев розӣ шуд ба нишасти НАТО равад


Раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев гуфт, ки даъвати ширкат дар нишасти НАТО дар Лиссабонро барои моҳи оянда пазируфтааст. Изҳороти мазкур дар фарҷоми нишасти раҳбарони Русия, Фаронса ва Олмон дар шаҳри шимолии Довили Фаронса садо дод, ки заминаи ҳамкориҳои амниятиву низомӣ ва таъсиси сипари зиддимушакиро ба баррасӣ гирифтааст. Ҳарчанд Медведев гуфт, ки пешниҳоди Амрикоро баррасӣ дорад, аммо айни замон Русия аз худи идеяи бунёди системаи зиддимушакӣ меҳаросад. Медведев гуфт:

“Мо ин пешниҳодро мавриди таҳлил қарор додем. Аммо назари ман ин аст, ки худи НАТО ҳам бояд дидгоҳҳои худро оид ба ҳамроҳшавии Русия ба ин тарҳ бигӯяд. Мо бояд бубинем, ки манфиати он аз чӣ иборат мешаваду созишномаҳои имзошуда чӣ медиҳад ва дар оянда кор бояд чигуна бошад?”.

Дабири кулли НАТО Андерс Фог Расмуссен тасмими Медведевро оиди ширкат дар нишаст истиқбол кард ва гуфт, ки ин ҳамоиш барои тавсеаи музокираҳо ва ҳамкориҳои амниятӣ як “шонси муҳим” фароҳам меорад. Нишасти НАТО дар пойтахти Португалия рӯзҳои 19 ва 20 ноябр баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG