Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрди ҷавонони маҳаллӣ бо муҳоҷирон дар Калязин


Расонаҳои Русия менависанд, ки рӯзи якшанбе дар ҳавлии қаҳвахонаи “Леон” дар шаҳри Калязини вилояти Твер байни гурӯҳи ҷавонони маҳаллӣ ва муҳоҷирон аз Тоҷикистону Узбакистон задухӯрд шудааст. Бино ба хабарҳо, дар ин рӯёрӯӣ аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар ширкат доштаанд.
Чанд нафар дар пайи ин задухӯрд ба бемористон афтода, муҳоҷирони тоҷику узбакро ба хотири ҷилавгирӣ аз рӯёрӯиҳои нав аз ҳудуди Калязин берун бурдаанд.
XS
SM
MD
LG