Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти қарибулвӯқуъи Раҳмон бо Каримов


Интизор меравад, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Ислом Каримов, ҳамтои ӯзбаки худ дар шаҳри Тошканд мулоқот кунад. Таваҷҷӯҳ ба ин мулоқот бисёр зиёд аст, зеро дар ҳоле баргузор мешавад, ки муносиботи Тоҷикистону Ӯзбакистон тайи беш аз як соли ахир бисёр сард шудааст. Бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон ва мухолифати Ӯзбакистон ба ин кор, мояи таниш миёни ду кишвар шудааст. Мулоқоти раҳбарони ду кишвар дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG