Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони 4 шаҳрванди Чин дар вилояти Суғд


Додгоҳи ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғди Тоҷикистон 4 шаҳрванди кишвари Чинро барои латукӯби 2 шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳраки Зарнисор ва расонидани зарари молӣ ба онҳо ба муддатҳои 5 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум кард. Аммо шаҳрвандони чиноӣ ҳукмро зиёда аз ҷурм шумурда, ба додгоҳи болоӣ шикоят бурдаанд. Дар навбати худ, шаҳрвандони ҷабрдидаи Тоҷикистон низ талаб доранд, ки маҳкумон зиёни молии онҳоро ҷуброн кунанд. Дар ҳоли ҳозир шикояти онҳоро додгоҳи вилоят мавриди баррасӣ қарор додааст.
XS
SM
MD
LG