Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқиҳо ҳамла ба бинои Радиои Озодиро таҳия карда буданд


Хадамоти контрразведкаи Ҷумҳурии Чех эълом дошт, ки соли 2000 аз як ҳамла ба бинои Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага ҷилавгирӣ карда буд. Гуфта мешавад, ки дар таҳияи ҳамлаи террористӣ дипломатҳои режими Саддом Ҳусейн даст доштанд. Афроди ҳамлагар бояд аз як бинои рӯ ба рӯ ба қароргоҳи Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ аз гранатомёти РПГ-7 гулула меандохтанд. Ҷеффрӣ Гедмин, раиси Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ дар робита ба ин хабар гуфт: "Фикр мекунам, ки ин иттилоъ -намоишгари дигари басо ҳассос ва дардноки он аст, ки баъзе одамон барои аз мо рабудани дастовардамон, яъне пахши иттилоъи мӯътамад ва дақиқ, барои чӣ аъмоле, метавон гуфт, аъмоли қаттоле омода буданд".
Дар изҳороти хадамоти кашфи Ҷумҳурии Чех дар бораи он ки чаро ин иттилоъ дар бораи ҷилавгирӣ аз ҳамла бо гузашта қариб даҳ сол ва фақат имрӯз пахш гардид, чизе гуфта нашудааст. Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ пахши барномаҳо барои Ироқро аз соли 1998 ба ин сӯ идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG