Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши ҷаҳонии мухолифони минаҳо дар Колумбия


Ҳайатҳои ҳукуматӣ, идораву муассисаҳои СММ ва мухолифони истифода аз минаҳо дар шаҳри Картаҳенаи Колумбия ҷамъ омадаанд, то мавзуи аз байн бурдани ин аслиҳаи маргборро баҳсу баррасӣ кунанд.

Дар ин ҳамоиш ҳайати Тоҷикистон низ ширкат дорад, ки аз кишварҳои осебдида аз минаҳои зиддинафар маҳсуб мешавад. Ба иттилои расмӣ, бар асари инфиҷори майнҳо дар қаламрави кишвар ва дар марз бо Узбакистон то имрӯз беш аз 350 нафар ҷон бохтаанд. ҳамчунин беш аз 450 нафар бар асари пой рӯи майнҳо гузоштан маҷрӯҳу маъюби якумрӣ шудаанд.

Ба иттилои хабаргузориҳо, дар нишасти Картаҳена асосан сари он мавзӯъ тамаркуз хоҳад шуд, ки кишварҳои олам тайи панҷ соли ахир барои аз байн бурдани ин аслиҳаи маргбор ва пок кардани қаламрави худ аз минаҳо чӣ корҳоро анҷом додаанд.

Дар арафаи ин нишаст мо бо Стив Гус, як тан аз масъулини Созмони дидбони ҳуқуқи башар - Human Rights Watch ҳамсӯҳбат шудем ва нахуст аз ӯ суол кард, ки аз ҳамоиши Картаҳена чӣ интизорот дорад?

Стив Гус гуфт, “аз ҳамоиши Картаҳена мо интизориҳои бузург дорем. Ин дуввумин конфронси ҷамъбастӣ дар робита ба масоили поккорӣ аз минаҳост, ки дар панҷ сол як бор доир мешавад. Ин шояд бузургтарин ва, бидуни шак, аз нигоҳи намояндагӣ олирутбатарин мулоқот дар робита ба поккорӣ аз мина аз соли 1997, аз соли имзои созишнома, ба ин сӯ хоҳад буд. Дар ин ҳамоиш раҳбарони ниҳодҳои давлатии кишварҳои мухталиф, садҳо намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва афроде, ки аз ин навъи силоҳ осеб дидаанд, ширкат хоҳанд кард. Ҳадаф аз ин вохурӣ ин пайванд бо оянда аст, мо бояд мутмаин шавем, ки коре ба субут расид ва фурсатро аз даст надода, ҳаракатро сӯи пеш идома медиҳем ва ҳатто баъд аз 10 сол ҳам. Мо дар ин нишаст барои панҷ соли оянда замина омода месозем“.

Радиои Озодӣ: - Бигӯед, ки айни ҳол иҷрои созишнома бо кадом чолишу мушкилот рӯбарӯст?

Стив Гус:
- Созишнома дар бораи пок сохтани ҷаҳон аз майни зиддинафарӣ ҳам дар иҷроиш ва ҳам дар ҳамоҳангӣ ба комёбиҳои чашмрас ноил гашт. Яъне кишварҳо ба манъи истифода, тавлид ва фурӯши ин навъи аслиҳа дар саросари ҷаҳон розӣ шуданд, аз нигоҳи мо, натиҷаҳо, ҳатто он кишварҳое, ки ба ин аҳднома ҳамроҳ нашуданд, ҳайратоваранд. Даҳҳо миллион мина аз байн бурда шуд ва шумораи қурбониён ду баробар ва шояд аз ин ҳам бештар коҳиш ёфтааст. Мо бояд ин раванди мусбатро дар оянда ҳам ҳифз кунем, мо бояд мутмаин шавем, ки заминҳои минакоришуда аз ин аслиҳа пок шуданд. Дар натиҷаи татбиқ шудани ин аҳднома даҳҳо кишварҳо худро орӣ аз мина эълон кардаанд. Мо бояд ин равандро суръат бахшем ва шумораи чунин кишварҳоро афзоиш диҳем. Ва шояд бахше, ки кори бештар мехоҳад, ин кумак ба осебдидагон аз ин силоҳ ва кумак ба хонаводаҳои қурбониён аст.

Радиои Озодӣ: - Оё шумо оморе зери даст доред дар бораи он, ки дар панҷ соли гузашта чӣ қадар аслиҳа нобуд шуд ва чи масоҳати замин аз мина поккорӣ шудааст?

Стив Гус: - Аз замоне, ки аҳднома эътиборашро пайдо кард, аз сӯи кишварҳои узв беш аз 44 миллион мина нобуд карда шудааст. Чанд кишвари узв уҳдадориҳояшонро иҷро накарданд. Юнон, Беларус ва Туркия то мӯҳлати муқарраршуда ӯҳдадориҳояшонро иҷро накарданд ва мо мунтазирем, ки онҳо ин ҳафта дар ин ҷо эълон хоҳанд кард, ки ин нақшаҳоро ба иҷро мерасонанд. Дар робита ба минаҳое, ки барчида шуданд, бояд гуфт, ки миллионҳо мина хунсо шудаанд ва дар умум наздик ба 3 ҳазор километри мукааби замин аз мина поккорӣ гардид ва ин тақрибан нисфи он заминҳоест, ки минакорӣ шудаанд.

Радиои Озодӣ:
- Аз замони якумин конфронси ҷамбастӣ дар Найробӣ чанд кишвар ваъдҳояшонро иҷро намуданд ва поккории майдонҳо аз минаро анҷом додаанд?

Стив Гус:
- Мо тақрибан даҳ кишвареро метавонем ном барем, ки поккориро анҷом доданд. Мо интизорем, ки дар Картаҳена боз чанд кишвари дигар аз минаҳо покшуданашонро эълон мекунанд. Ҳадди ақал Албания, Замбия ва шояд боз ду ё се кишвари дигар. Ба тақрибан боз 15 кишвари дигар мо дар Картаҳена мӯҳлати иловагӣ хоҳем дод, аз ҷумла мо маҷбур хоҳем шуд ба кишварҳое ки аз мина сахт осеб дидаанд, назири Босния ва Ҳерсеговина, мӯҳлати поккорӣ аз минаҳоро тамдид кунем. Аммо аз тамдиди мӯҳлати дигар кишварҳо мо сахт нороҳат шудем. Масалан Венесуэла, ки минтақаи минакоришудааш бисёр хурд буд, аммо ҳукуматаш ин амалиётро саривақт шурӯъ накард. Дар Картаҳена мо мехоҳем, муҳлатҳои иловагӣ камтар диҳем ва баръакс талаб кунем, ки кишварҳо ӯҳдадориҳояшонро то замони муқараршуда иҷро кунанд.

Радиои Озодӣ:
- Бигирем, Тоҷикистон мӯҳлати хатми поккориро то 1-уми апрели соли 2010 муайян карда буд. Ба назари шумо, ин кишвар то ин мӯҳлат тавони барчидани ҳама минаҳоро хоҳад дошт ва ё дархост хоҳад кард, ки мӯҳлати иҷрои ин шарт тамдид дода шавад?

Стив Гус: - Дар ин ҷо, дар Картаҳена, Тоҷикистон аз кишварҳои узв хоҳиш хоҳад кард, ки мӯҳлати поккории майдонҳояш аз мина тамдид шавад. Тоҷикистон чанд сабаби иҷро нашудани ӯҳдадориҳояшро ташреҳ кардааст, аз ҷумла, адами кумаки байнулмилалӣ дар барчидани минаҳо. Онҳо инчунин баъзе мушкилоти фанние доранд, ки ба ҷуғрофиё бастагӣ дорад ва ба дигар омилҳо. Ман фикр мекунам, ки мӯҳлати поккорӣ дар Тоҷикистон тамдид карда мешавад, вале мо бар ин ақидаем, ки ба Тоҷикистон, аз он чӣ дархост кардааст, бояд мӯҳлати камтар дода шавад. Мо бояд то ҳадди имкон аз кишварҳои узв қотеътар талаб кунем, ки ӯҳдадориҳояшонро дар мӯҳлатҳои ҳарчӣ камтар иҷро кунанд.

XS
SM
MD
LG