Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории Ҳанифа Алимзода барои "паст задани шаъну эътибори додрас"


Ҳанифа Алимзода
Ҳанифа Алимзода

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Ҳанифа Алимзода, яке аз додрас ё судяҳои шаҳри Кӯлобро аз мақомаш барканор кард.

Дар фармони президент аз 4-уми июн сабаби барканории додрас Ҳанифа Алимзода содир намудани кирдоре гуфта шудааст, ки "шаъну эътибори судяро паст мезанад".

Мақомот нагуфтаанд, ки ӯ чӣ кирдоре содир кардааст, аммо умдатан баъд аз чунин фармонҳо додрасҳоро бо иттиҳоми ришвахорӣ ва ё пораситонӣ дастгир мекунанд.

Як манбаи Радиои Озодӣ рӯзи 4-уми июн гуфт, "Ҳанифа Алимзода ба гирифтани ришва гумонзад аст". Дар ҳоли ҳозир ҷузъиёти иттиҳом ва мавқеи додрас ё наздиконаш дастрас нест.

Ҳанифа Алимзода аз соли 2022 додраси Додгоҳи шаҳри Кӯлоб ва аз он пеш муовини раиси Додгоҳи шаҳри Бохтар буд. Вай дар ин мақом парвандаи Саиднуриддин Шамсиддинов, вакили мудофеи зиндонӣ ва судиҷрочии собиқро раҳбарӣ кардааст.

Ба омори расмӣ дар Тоҷикистон зиёда аз чорсад додрас ҳаст. Дар даҳ соли охир чандин нафари онҳо боздошт ва бархе ба зиндон маҳкум шуданд. Онҳоро президент таъйину барканор мекунад.

Кумисюни байнулмилалии ҳуқуқшиносон ҳанӯз соли 2020 ин нуктаро танқид карда ва гуфта буд, ки "додрасҳо дар Тоҷикистон мустақил ва беғаразона ҳукм содир намекунанд".

XS
SM
MD
LG