Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши тиҷорати Тоҷикистону Чин


Дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузорӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ва Чин баргузор шуд, ки солҳои ахир шоҳиди тақвияти ҳамкориҳои чашмгири иқтисодӣ шудаанд. Ба гуфтаи Давлаталӣ Саидов - раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, мубодилоти мол миёни Тоҷикистону соли гузашта якуним миллиард долларро ташкил дода, аммо имсол коҳиш ёфтааст. Ба гуфтаи Давлаталӣ Саидов, бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ, ба тиҷорат миёни ду кишвар таъсири манфӣ гузошта ва имсол мубодилоти мол миёни ду тараф тақрибан 460 миллион долларро ташкил додааст. Чин дар ин чанд соли ахир ба яке аз сармоягузорони аслии Тоҷикистон табдил шуда ва барои бунёди роҳу дигар зербунёдҳо ба иқтисоди он садҳо миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG