Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Чавес нирӯҳои Колумбияро ба ҳамла айбдор кард

Раисиҷумҳури Венессуэла Ҳуго Чавес гуфт, нирӯҳои Колумбия аз дарёи Ориноко гузашта, вориди хоки Венесуэла шудаанд. Чавес дар ҳафтаномаи телевизиониаш гуфт, нирӯҳои Колумбия “рӯдхонаро тавассути киштӣ убур карда, ба қаламрави Венесуэла ҳамла оварданд.” Ин иддао аз ҷониби манобеъи дигар ҳанӯз тасдиқ ва ё такзиб нашудааст.
Чавес гуфт, ки Колумбия бо дастури Амрико амал мекунад. Имзои қарордод байни Амрикову Колумбия, ки истифодаи 7 пойгоҳи низомии Колумбияро ба Амрико иҷозат медиҳад, мояи нороҳатии Венесуэла шудааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Маскав панҷ дипломати Полшаро ихроҷ мекунад

Cафири Полша дар Русия Кшиштоф Краевски

Русия панҷ корманди сафорати Полша дар Маскавро ҳамчун як иқдоми ҷавобӣ ба ихроҷи се дипломати рус аз Варшава аз кишвар хориҷ карда онҳоро “персона нон грата” ё шахсони мамнӯъ-ул-хуруҷ номидааст. Вазорати хориҷаи Русия рӯзи 23-юми апрел сафири Полша Кшиштоф Краевскиро эҳзор карда дар бораи қарори худ хабар дод. Дар шарҳи ин қарор Маскав гуфт, ки дипломатҳои ихроҷшуда бояд то 15-уми май кишварро тарк кунанд. “Ин тасмим ба он хотир гирифта шудааст, ки Варшава ба самти боз ҳам бадтар шудани равобити дуҷониба ҳаракат мекунад”, гуфтааст вазорати хориҷаи Русия. Вазорати хориҷаи Полша рӯзи 15-уми апрел гуфт, ки ба хотири вайрон кардани мақоми дипломатии худ ва фаъолиятҳое, ки ба Полша осеб мерасонанд, се корманди дипломатӣ дар сафорати Русия “персона нон грата” ваё шахсони мамнӯъ-ул-вуруд номида шуданд.

Даъвати Олмон аз Сербия ва Косово: бештар талош кунед муносибатҳо оддӣ шаванд

Ҳейко Маас, вазири хориҷаи Олмон (дар марказ) ва президенти Сербия Александр Вучич

Олмон аз Сербия ва Косово тақозо кард, ки барои оддӣ шудани муносибатҳои миёни ду кишвар баъди дар соли 1999 аз зери назари Белград хориҷ шудани вилояти Косово талоши бештар ба харҷ диҳанд. Ҳейко Маас, вазири хориҷаи Олмон дар як конфронси хабарии интернетӣ баъди мулоқот бо президенти Сербия Александр Вучич рӯзи 23-юми апрел гуфт, «ҳоло фурсати хуб аст, ки ҷараёни оддӣ шудани муносибатҳо идома ёбад, то ки дар ниҳоят натиҷа биёрад». Ӯ гуфт, ки муколама танҳо барои муколама нест ва он бояд натиҷабахш бошад. «Олмон омода аст, ки дар ин амр мусоидат кунад», гуфт Маас.

Вучич гуфт, Сербия мехоҳад ба як муомилае бо Косово даст ёбад ва ба идомаи муколамаҳо омода мебошад. Вучич гуфт, «Сербия барои аз муомилаҳо даст кашидан баҳонаҷӯӣ намекунад». Вучич гуфт, ки Белград ҳамеша ба ин бовар аст, ки низоъҳои хобида ҳамеша хатари аз нав аланга гирифтан доранд.

Соли 1999 вақте дар паи як маъракае ба раҳбарии ИМА ва НАТО саркӯби ҷудоиталабони албанитабори Косово аз ҷониби Белград хотима дода шуд, Сербия маҷбур шуд, ки назорат бар Косоворо аз даст диҳад. Дар низои мусаллаҳонаи солҳои 1998-99-и Косово беш аз 10 ҳазор нафар кушта шуд. Косово соли 2008 истиқлолияти худро эълон кард, вале Белград инро ба расмият нашинохтааст. Бар иваз, аксар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва ИМА истиқлолияти Косоворо ба расмият шинохтанд. Русияву Чин ҳам, ки муттафиқони Сербия мебошанд, истиқлолияти Косоворо эътироф намекунанд.

Намояндаи ИМА дар САҲА: Кремл Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро аз Русия берун мекунад

Дафтари Радиои Озоди дар Маскав

Дар ҷаласаи Кумитаи доимии САҲА масъалаи чораҳои шадидкунандаи фишор болои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ баррасӣ шуд. Рӯзи 22-юми апрел дар ҷаласаи Вена мавзӯи озодии баён дар Русия баррасӣ шуд. Дар ин ҷаласа муовини раиси ҳайати ИМА дар САҲА Элизабет Розенсток-Силлер суханронӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки ИМА нигарониҳои Иттиҳоди Аврупо ва дигар аъзои ин созмонро пуштибонӣ мекунад, ки аз идомаи саркӯбҳои озодии баён дар Русия сӯҳбат карданд. Ӯ гуфт, ки ба идомаи баррасиҳои таъқибҳои журналистони ҷудогона дар Русия омода аст.

Ба унвони як мисол намояндаи ИМА бо ширкати ходимони ФСБ кофтукоб шудани идораи вебсайти "Важные истории" ва ҳам хонаи сардабири он Роман Анинро ёдовар шуд, ки мавриди бозпурсӣ ҳам қарор гирифтааст. Элизабет Розенсток-Силлер таъкид кард, ки пеш аз ин кофтукобҳо идораи нашрия чандин таҳқиқоти журналистии худро дар заминаи фаъолиятҳои фасодкоронаи мақомоти баландпояи Русия нашр намуд.

Дипломати амрикоӣ гуфт, ки чанд ҳодисаи ахири ташвишовари дигар марбут ба журналистони таҳқиқгар мебошад. Ӯ инчунин аз рейде ёдовар шуд, ки 14-уми апрел дар дафтари нашрияи донишҷӯёни журнал DOXA

барпо шуд. Намояндаи ИМА гуфт, ҳамаи ин баёнгари бад шудани фазои беҷазоӣ барои таъқибу тарс додани журналистони мустақил мебошад.

Розенсток-Силлер аз ҳаҷми «аз ҳад зиёди» ҷаримаҳое ҳам гуфт, ки ба дафтари РАО/РО дар Русия дар робита бо рад шудани талаби Роскомнадзор дар бораи ба ҳайси «агенти хориҷӣ» сабт шудани ин расона бор шудааст. Ӯ гуфт, «ин ҷо, дар шӯрои доимӣ ҳайати Русия чандин бор талош кард тасаввури дурӯғинеро эҷод кунад, ки гӯё тадбирҳои даҳшатноки зидди РАО/РО ба чаҳорчӯби кори қонунии телевизиони RT ва хабаргузории "Спутник" дар ИМА мувофиқат мекунад. Чунин монандӣ вуҷуд надорад. Кремл ба фаъолияти РАО/РО дар Русия монеа эҷод мекунад ва мехоҳад, ки ин расонаро аз кишвар хориҷ кунад. Ҳукумати ИМА, баръакс, ба ҳеҷ шакле ба кори RT ва "Спутник" дар ИМА монеа эҷод накардааст».

Ӯ ёдовар шуд, ки ҳафтаи гузашта идораи РАО/РО алайҳи кори мақомоти Русия ба Додгоҳи Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон шикоят бурд. Дар ин ариза гуфта шудааст, ки фаъолиятҳои Русия ҳуқуқ ба озодии баёнро барои намояндагони матбуот нақз мекунад, дар ҳоле, ки ин ҳуқуқ бар асоси моддаи 10-уми Эъломияи Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон ҳимоят шудааст. Дар шикоят гуфта шудааст, ки агар Додгоҳи Аврупо оид ба ҳуқуқи башар ҳамин ҳоло даст ба иқдом назанад, ба кори РАО/РО зарбаи ислоҳнашаванда расонида мешавад».

Моҳҳои январ то апрели соли 2021 Роскомнадзор ба додгоҳ 390 протоколе ирсол кард, ки дар он дар бораи ҳолатҳои аз ҷониби барномаҳои РАО/РО нақз шудани қонун дар бораи «агенти хориҷӣ» сухан меравад. Бо қарори вазорати адлияи Русия соли 2017 РАО/РО ба феҳристи «агентони хориҷӣ» шомил шуд ва бар асоси ин қарор ташкилоти чунин тамға гирифта бояд тамоми маводашро бо ҳамин унвон нашр кунад.

Ҳаҷми умумии ҷаримаҳое, ки бар асоси қарорҳои додгоҳӣ содир шудааст, метавонад 70 миллион рублро ташкил диҳад. РАО/РО бар зидди ин қарор шикоят кард, вале то ҳол додгоҳ ҳеҷ як аризаи ин расонаро қонеъ накардааст.

Маскав гуфт, машқҳои низомӣ дар марз бо Украина анҷом шуд. Ғарб гуфт, "мебинем"

Нирӯҳои ҳавоии Русия дар соҳилҳои баҳри Азов дар шаҳри Таганрог. 22-юми апрел

Маскав гуфт, ки ба нирӯҳое, ки дар машқҳои низомии ҷануби Русия ва ҳам атрофи нимҷазираи Қрими аз ҷониби Маскав дар соли 2014 ғасбшуда иштирок карданд, амр додаанд, ки ба қароргоҳҳои доимии худ баргарданд. Қароре, ки 22-юми апрел имзо шуд, дар пасманзари афзоиши таниш дар равобити Маскаву Ғарб сурат мегирад. Ғарбу Аврупо аз таҷаммӯи нирӯҳо дар марзҳои шарқии Украина ва Қрим ҳамчун аломати тавсеаи хушунатҳои ҳафт сол пеш шурӯъшуда изҳори нигаронӣ карда аз Русия талаб намуданд, ки низомиёнашро бозпас бикашад. Дар ҷангҳои шарқи Украина миёни артиши ин кишвар ва ҷудоиталабони рӯ ба Русия то ҳол беш аз 13 ҳазор нафар қурбон шудаанд.

Вазири дифои Русия Сергей Шойгу гуфт, «ҳадафи санҷиши вазъият пурра иҷро шуд» ва нирӯҳо то 1-уми май ба пойгоҳҳои худ бармегарданд. Вале маълум нест, ки то куҷо амри бозгашти нирӯҳо ба тамоми низомиёни мустақаршуда дар ин ду қаламрав рабт хоҳад дошт ё на.

Президенти Украина Владимир Зеленский дар Твиттераш навишт, ки «коҳиши нирӯҳо дар сарҳадҳои мо боиси коҳиши таниш мешавад». Ӯ гуфт, ки Украина дар ҷустуҷӯи сулҳ аст.

Ҳамзамон як мақоми НАТО дар Брюссел гуфтааст, «ҳама гуна иқдоми Русия барои тавсеаи низоъ муҳим ва аз дер боз омодашуда мебошад» ва афзуд, ки муттафиқони ғарбии Украина «бисёр ҳушёр» ҳастанд. Нед Прайс, сухангӯи Департаменти давлатӣ гуфт, ки ИМА мебинад, ки то куҷо баъди суханҳои Шойгу Русия чӣ мекунад. Ӯ афзуд: «Мо ин ҳафҳоро шунидем. Ҳоло мебинем, ки чӣ кор хоҳанд кард».

Табибон гуфтанд, Навалнийро мутахассисони мулкӣ муоина карданд

21-уми апрел. Даъват ба озод кардани Навалний дар раҳпаймоии шаҳри Новгород

Табибони хусусии Навалний гуфтанд, ки ин сиёсатмадорро дар як беморхонаи мулкӣ муоина карданд. Бино ба гузориши тиббие, ки ба дасти тими табибон тавассути вакилони дифои ин сиёсатмадори зиндонӣ дастрас шуд, Навалнийро 20-уми апрел мутахассисони соҳаи нейрохирургия, сардухтури бемориҳои асаби вилояти Владимир ва мутахассиси бемориҳои гурда муоина кардаанд. Табибони Навалний аз ӯ хостаанд, ки гуруснанишиниро хотима диҳад, чунки рад шудани ғизо ба ҳаёти ӯ хатар дорад.

"Медиазона" мегӯяд, ки паёми табибон ба худи Навалний рӯзи ҷумъа расонида мешавад. Муоинаи тиббие, ки Навалний гузаштааст, бо дархости табибони ӯ карда шуд. Дар изҳороти онҳо омадааст: «Ҳадафи мо ҳифзи ҷони бемор мебошад ва агар гуруснанишинӣ ҳатто муддати кӯтоҳ идома ёбад, мутаассифона, мо дигар аз шахсе, ки бояд муолиҷа шавад, маҳрум мешавем». Дар зери ин изҳорот панҷ табиб имзо кардаанд.

Навалний инак аз 31-уми март ба ин сӯ гуруснанишинӣ эълон карда талаб дорад, ки ба наздаш табибони мустақил роҳ дода шаванд. Инчунин Навалний гуфт, ки ба нишони эътироз аз шиканҷа гуруснанишинӣ мекунад. Ӯ гуфт, мақомот бо баҳонаи ин ки ӯ метавонад аз зиндон фирор кунад, шабе ҳашт дафъа ӯро аз хоб бедор карда гузориш менависанд.

Пеш аз ин сиёсатмадор аз дарди миён ва шах шудани пой шикоят карда буд. Хадамоти федеролии зиндонҳои Русия гуфт, ки ба ӯ ёрии зарурии тиббӣ фароҳам шудааст. Як диагнози Навалний ҷурра (грижа)-и байнимӯҳраӣ мебошад. Табибон дар изҳороти худ гуфтаанд, ки Навалний ба мулоқоти рӯбарӯ бо табибон пойфишорӣ мекунад.

Зиндонӣ ва бад шудани саломатии Навалний мояи эътирозҳои сартосарӣ дар Русия шуд ва 21-уми апрел мақомот дар паи саркӯби эътирозҳои фарогир дар шаҳру манотиқи Русия беш аз 1700 тарафдори Навалнийро боздошт карданд. Худи Навалний дар як паёмаш аз ҷасорати мардум барои ширкат дар эътирозу раҳпаймоиҳо ситоиш кард.

20 дарсади муҳоҷирони сокини Маскав шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд

Фурудгоҳе дар Маскав

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Маскав шумораи муҳоҷирони корӣ дар пойтахти Русияро ҳисоб кардааст. Бино ба маълумоти бахши кор бо муҳоҷирати раёсати умури дохилии Маскав, феълан дар ин шаҳр 800 ҳазор муҳоҷирон аз кишварҳои гуногун кору зиндагӣ мекунанд, ки аксарияташон зодагони Осиёи Марказӣ мебошанд.Баъди қирғизҳову узбекҳо, дар пойтахти Русия аз ҳама бештар муҳоҷирони тоҷик ба сар мебурдаанд, ки аз шумораи умумӣ 20 фоизро ташкил медиҳанд. Дар зимн, Вазорати корҳои дохилии Русия бо нашри як муроҷиатнома рӯзи 22-юми апрел бори дигар аз муҳоҷирони ғайрирасмӣ хост, ки ба зудтарин фурсат буду боши худро дар ин кишвар қонунӣ кунанд, то марзҳои ин кишвар барои солҳои тӯлонӣ ба рӯяшон баста нашавад.

Аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба таври ғайриқонунӣ дар Русия ба сар мебаранд, тақозо шудааст, ки то поёни июни имсол мақоми худро қонунӣ кунанд.

Билетфурӯшиҳо: нархи билети парвозҳои чартерӣ кам шудааст

Дар нуқтаҳои билетфурӯшии Тоҷикистон нархи билетҳои парвози чартерии ширкати "Уралские авиалинии" поийн омадааст. Дар билефурӯшиҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, агар то ду рӯзи пеш парвоз аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои гуногуни Русия тариқи ин ширакат аз 12 то 15 ҳазор сомонӣ буд, ҳоло бар ивази 8 ҳазор сомонӣ фурӯхта мешавад. Дирӯз Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон аз чаҳор ширкати русӣ, бо шумули "Уралские авиалинии" тақозо кард, ки нархи билетҳои парвозҳои чартериро арзон кунанд. Раиси оҷонсӣ Икром Субҳонзода гуфт, тибқи мушоҳидаҳо ширкатҳои ҳавоии русӣ дар пайи зиёд шудани талабгорони сафар ба Русия “нархи билетҳояшонро беҳад боло бурданд". Икромзода афзуд, "ширкатҳои ҳавопаймоиро зарур аст, ба ҷойи баланд кардани нархи билет теъдоди парвози ҳавопаймоҳоро зиёд кунанд. Ин дар ҳолест, ки қимати аз ҳад зиёд баланди билетҳо на танҳо хоси ширкатҳои русӣ, балки ватанӣ ҳам ҳаст ва мардуми ташнаи парвоз ба Русия бо нархҳои ҳангуфти билет рӯбарӯ шуданд.

Русия макони аслии кору даромади садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон аст ва баста шудани марз ва роҳҳо ба Русия дар беш аз як соли охир бо сабаби пандемияи коронавирус бисёр хонаводаҳоро аз назари моливу иқтисодӣ дар ҳолати ногувор гузошт. Вале азсаргирии парвозҳо аз оғози моҳи апрел дар самти Тоҷикистон-Русия ҳамоно бо шумори маҳдуд сурат мегирад ва билетҳо то тобистони имсол фурӯхта шудаанд.

Манбаъҳо: Имомхатиби масҷиди Яккачинор баъди дафни Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ боздошт шуд

Маросими дафни Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ, рӯҳонии шинохтаи тоҷик, ки рӯзи 13-уми апрел дар 80-солагӣ даргузашт, бо ширкати ҳазорҳо тарафдорону ихлосмандонаш баргузор шуд

Манобеи мустақил ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ахиран боз як нафар аз ширктадорони маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ боздошт шудааст. Аз фарди дастгиршуда Асадулло Исмоилов, имомхатиби масҷиди Яккачинори шаҳри Душанбе ном бурдаанд. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси шурои уламои Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ ё рад накард. Ҷузъиёти зиёд феълан дар даст нест.

22-юми апрел мақомоти расмӣ эълон намуданд, ки Абдулҳақ Обидов, сархатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳамроҳи 4 нафари дигар дастгир гардиданд. Боздошти ӯ пас аз суханронияш дар бораи пешвоҳои динӣ дар маросими дафни Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ сурат гирифт. Аммо мақомот гуфтанд, ӯ ба пайравӣ аз ҷараёни мамнӯи "Салафия" муттаҳам аст.

Билл Гейтс ва Майк Блумберг дар ҳамоиши энержии сабз аз Байден ҳимоят мекунанд

Суханронии президенти ИМА Ҷо Байден дар ҳамоиши вобаста ба тағйироти иқлим. 22-юми апрели соли 2021

Дар рӯзи дуюми ҳамоиши муҳими марбут ба тағйироти иқлим қарор аст ду миллиардери накӯкор Билл Гейтс ва Майк Блумберг, инчунин саноаткорони калони соҳаи пӯлодгудозиву раҳбарони иттифоқҳои барқчиён ба нишони дастгирӣ аз президенти ИМА Ҷо Байден дар заминаи коҳиши башиддати ихроҷи газҳои гулхонаӣ ва ба иқтисоди сабз табдил додани Амрико суханронӣ кунанд. Байден, ки дар рӯзи аввали ин нишаст 22-юми апрел суханронӣ мекард, гуфт, “тағйироти иқлим масъалаи бештар аз фақат як таҳдид аст”. Ӯ гуфт, ин масъала имконияти азими корро фароҳам мекунад. Президенти ИМА гуфт, тааҳҳуд кардааст, ки дар муқоиса бо соли 2005, то соли 2030 ихроҷи газҳои гулхонаӣ дар ИМА-ро то нисф кам мекунад. Дар ҷаласаи мазкур раҳбарони 40 кишвари ҷаҳон иштирок карданд. Бо чунин тааҳҳуди баландпарвозона Байден амалан бозгашти ИМА ба созиши Парижро намоиш дод. Ин созиш соли 2015 дар аҳди Барак Обама имзо шуд ва тааҳҳуди ИМА ин буд, ки то соли 2025 - 28 дарсади иқтисоди ин кишвар ба энержии сабз мегузарад. Вале президенти баъдӣ Доналд Трамп ИМА-ро аз ин созиш берун кард.

Дар ҳамоиши мазкур қарор аст масъалаҳои эҷоди корхонаву саноатҳои бунёдшуда бар асоси энержии сабз баррасӣ шаванд. Гейтс дар суханронии 23-юми апрелаш ба паҳлӯҳои мухталифи ин мавзӯъ муроҷиат хоҳад кард. Собиқ раҳбари Microsoft ва яке аз сарватмандтарин шахсиятҳои сайёра ҳудудан 2 миллиард долларро ба рушди фанновариҳои сабз хайр кардааст.

Бист дарсад аз муҳоҷирон дар Масква тоҷикон будаанд

Муҳоҷирон дар яке аз сохтмонҳои Маскав.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Маскав шумораи муҳоҷирони корӣ дар пойтахти Русияро ҳисоб кардааст.

Бино ба маълумоти бахши кор бо муҳоҷирати раёсати умури дохилии Маскав, феълан дар ин шаҳр 800 ҳазор муҳоҷирон аз кишварҳои гуногун кору зиндагӣ мекунанд, ки аксарияташон зодагони Осиёи Марказӣ мебошанд.

Баъди қирғизҳову узбекҳо дар пойтахти Русия, аз ҳама бештар муҳоҷирони тоҷик ба сар мебурдаанд, ки аз шумораи умумӣ 20 фоизро ташкил медиҳанд.

Зимнан, дирӯз, 22-юми апрел Вазорати корҳои дохилии Русия бо нашри як муроҷиатнома бори дигар аз муҳоҷирони ғайрирасмӣ хост, ки ба зудтарин фурсат буду боши худро дар ин кишвар қонунӣ кунанд, то марзҳои ин кишвар барои солҳои тӯлонӣ ба рӯяшон баста нашавад.

Шакли омехташудаи коронавируси дар Ҳинд ошкоршуда нигарониҳои навро ба бор овардааст

Хешовандони як қурбонии COVID-19 дар Деҳлӣ ба оташ задани ҷасад омода мешаванд

Дар ҳоле, ки низоми беҳдошти Ҳинд бо афзоиши рекордии шумори гирифторони COVID-19 рӯбарӯ шудааст, ошкоршавии вируси омехташудаи дугонае, ки аз намуди бритониёии коронавирус маншаъ мегирад, боиси нигарониҳои ҷиддии нав шудааст. Ин вирусро бо номи В.1.617. шиносоӣ кардаанд ва мегӯянд, ки ҳамакнун нигаронӣ аз паҳншавии ин навъи вирус дар ҷаҳон мавриди хатар буда метавонад. Нишонаҳои вируси дугонаи омехташуда то ҳол дар 22 кишвари дигар, аз ҷумла, ИМА, Австралия, Исроил, Белгия, Бритониё ва Сингапур тасдиқ кардаанд. Ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии шакли нави коронавирус дар кишвар баъди Бритониё Имороти Муттаҳидаи Араб ҳам тасмим гирифт, ки парвозҳои ҳавопаймоҳо аз Ҳиндро боздорад. Хатсайри Ҳинд-Иморот, ки то замони пандемия ҳафтае 300 бор анҷом мешуд, яке аз сермусофиртарин самтҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад. Канада ҳам гуфт, ки тамоми парвозҳо аз Ҳинду Покистонро барои 30 рӯз қатъ мекунад. Ин хатсайрҳо ҳам панҷяки тамоми парвозҳои берунӣ аз Канадаро ташкил медиҳанд. Ошкор ва паҳншавии шакли нави коронавирус на танҳо аз назари хатари бемориву марги инсон, балки аз назари таҳдиди нав ба сайёра мавриди нигаронӣ шудааст.

Ҷумҳурии Чех гуфт, то охири май бояд шумори кормандони сафорати Русия кам шавад

Дар як пора девори сафорати Русия дар Ҷумҳурии Чех навишта шудааст: "Путин, ба хонаат рав!"

Вазири умури хориҷаи Чех Якуб Кулҳанек гуфт, ки Русия бояд то охири моҳи май шумори кормандони сафораташ дар Чехияро баробар ба шумори кормандони намояндагии дипломатии Чех дар Русия коҳиш диҳад. Ин ба он маъност, ки 62 дипломати рус бояд корашонро қатъ кунанд. Пеш аз ин Ҷумҳурии Чех аз Маскав талаб кард, ки то нисфирӯзии 22-юми апрел қарори аз қаламрави Русия ихроҷ кардани 20 корманди сафорати Чехро бозбинӣ кунад. Маскав ба ин талаби Прага посух надод.

Кулҳанек таъкид кард, ки Ҷумҳурии Чех ҷонибдори шиддат ёфтани муносибатҳо бо Русия нест, вале, ба гуфтааш, онҳо интихоби дигар надоранд. Ӯ гуфт, «мо намехоҳем, ки қарори мо ҳамчун таҳдид ба Русия, ба мардуми ин кишвар ва нисбат ба шаҳрвандони ҷудогонаи ин кишвар, ки дар Ҷумҳурии Чех зиндагӣ, кор ва таҳсил мекунанд, арзёбӣ шавад».

Нахуствазири Чех Андрей Бабиш гуфт, ки президент Милош Земан аз иқдоми ҳукумат дастгирӣ кард. Земанро дар Ҷумҳурии Чех сиёсатмадори русгаро меҳисобанд. Аз ин пеш Сенати Чех аз ҳукумат даъват намуд, ки созишномаи равобит ва ҳамкориҳои дӯстона бо Русияро бекор кунад ва шумори кормандони сафорати Русия дар Прагаро то як нафар коҳиш диҳад.

Сафоратҳои Русия дар кишварҳои Аврупои Марказӣ назар ба давлатҳои дигар корманди зиёд доранд. Қарори коҳиш додани шумори кормандони дипломатии Русияро Иттиҳоди Аврупо ва НАТО дастгирӣ карданд. Рӯзи чорашнбе се дипломати русро аз Словакия берун карданд.

Русия дар посух ба ихроҷи 18 дипломати рус аз хоки Чех талаб кард, ки 20 дипломати чех ин кишварро тарк кунанд. Мақомоти Чех мегӯянд, ки ин нафарон ба хадамоти вижаи Русия рабт доранд. Рӯзи 17-уми апрел мақомоти Чех хадамоти вижаи Русияро ба таркиши анбори силоҳ дар деҳаи Врбетитсе дар соли 2014 гунаҳгор карданд. Сухангӯи президенти Русия Владимир Путин ин иттиҳомотро рад кард. Дмитрий Песков гуфт, ки тадбирҳои андешидаи мақомоти Чех «оқилона нестанд ва ба равобити миёни ду кишвар осеб мерасонанд». Сафири Чех дар Маскав рӯзи 22-юми апрел ба ВКХ-и Русия даъват шуд. Дар ин мулоқот қарор шуд, ки дар намояндагиҳои дипломатии ду кишвар баробарии қотеи шумори кормандон риоят мешавад: 7 дипломат ва 25 корманди фаннӣ.

Хонаводаи тоҷик мегӯяд, моҳҳост аз Абхозистон берун омада наметавонад

Хуршед Мусоев, муҳоҷири тоҷик дар Абхозистон

Як марди тоҷик мегӯяд, бо ҳамсару ду кӯдаки ноболиғаш дар Абхозистон дармондааст ва моҳҳо боз талоши берун шудан аз ин минтақа барояш натиҷа надодааст.

Хуршед Мусоеви 39-сола ду сол пеш бо хонаводааш барои кор ба ин минтақа рафтааст.

Абхозистон соли 2008 аз ҳудуди Гурҷистон ҷудо шуд ва худро кишвари мустақил медонад. Тоҷикистон ин кишварро эътироф намекунад, аз ин рӯ, шаҳрвандонаш ҳангоми бозгашт аз ҳудуди ин кишвар ба Русия мушкил доранд.

Хуршед Мусоев мегӯяд, пас аз хуруҷи коронавирус беш аз як сол боз бекор аст ва дар шароити сахт зиндагӣ мекунад.

Ӯ гуфт, маъюби гуруҳи дуюм аст ва танҳо бо кумаки афроди хайрхоҳ ба сахтӣ сарпаноҳи муваққатӣ ёфтааст.

“Ба хотири кор омада будам, вале пас аз хуруҷи коронавирус бекор мондам. Муҳлати шиносномаи ду фарзандам тамом шудааст, чун барои кӯдакон ба муҳлати кутоҳ шиноснома медиҳанд. Вазъияти ногувор дорем, дар як ҷойи нохуб қарор дорем,--гуфт ӯ.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтанд, ки ба ин муҳоҷири дармонда барои берун шудан кӯмак мекунанд.

“Аз рӯйи қоида мо бо мақомоти Русия ҳамоҳанг мекунем ва онҳо як муддати кутоҳ роҳро боз мекунанд. Шаҳрвандоне, ки аз Абхозистон берун мешаванд, бояд дар Русия намонанд ва зуд ба Тоҷикистон баргарданд”,--гуфтанд дар сафорати Тоҷикистон.

Рӯзи 4-уми апрел сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дода буд, ки 17 муҳоҷири тоҷикро аз ҳудуди Абхозистон берун карда, барои бозгашташон ба Тоҷикистон кӯмак кардаанд.

Навор аз рӯзи 10-уми апрел

Дар гузашта низ даҳҳо нафар сокинони Тоҷикистон дар марзи Русия ва Абхозистони эътирофношуда дармонда буданд. Аз ҷумла, соли 2013 беш аз 20 нафар муҳоҷири тоҷик, ки дар Абхозистон кор мекарданд, ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат карда буданд, ки наметавонанд, аз ин кишвар ба Русия ворид шаванд. Ба ин далел Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо нашри як баёния шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистонро огоҳ карда буд, ки бинобар надоштани равобит ва муносибатҳои дипломатӣ ба Абхозистон сафар накунанд

Русия қоидаҳои вуруди шаҳрвандони хориҷӣ сахттар кард

Яке аз фурудгоҳҳои Маскав. Акс аз бойгонӣ.

Қоидаи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия сахтар шудааст. Тибқи қарори сардухтури санитарии ин кишвар, акнун афроде, ки аз хориҷ вориди Русия мешаванд, бояд ду маротиба аз ташхиси коронавирус гузаранд.

Тести аввал дар муддати се рӯз баъди вориди Русия шудан супорида мешавад. Таҳлил ё тести дуввум дар муддати панҷ рӯз баъд аз расидан ба Русия бояд гузаронда шавад. Бар асоси қарори мақомоти тандурустии Русия, фосила миёни ташхисҳои якум ва дуюм бояд ҳаддиқал як рӯз бошад.

Дар эълоне, ки сомонаи Сафорати Русия дар Душанбе нашр кард омадааст, ин дастур ба шаҳрвандони Тоҷикистон низ дахл дорад. Ҳоло аз Тоҷикистон ба Русия ҳафтае ду парвози доимӣ ва чанд парвози чартерӣ сурат мегирад.

Маскав дар ҳоле аз шаҳрвандони хориҷӣ ду маротиба супурдани тести коронавирусро талаб мекунад, ки мусофирон қабл аз парвоз дар ватанашон аз ташхиси COVID-19 мегузаранд.

Дар Узгени Қирғизистон аксияи зидди табодули замин бо Узбекистон шуруъ шуд

Узген, Ӯш, Қирғизистон. 22-юми апрели 2021.

Чанде аз деҳаҳои Қизил-Октбяри ноҳияи Узгени Қирғизистон рӯзи 22-юми апрел ба иқдоми эътирозии зидди табодули 50 гектар замин бо Узбекистон шуруъ карданд. Ин заминҳо дар наздикии сарбанди обанбори "Кампиробод" ҷойгир ҳастанд. Дар Узбекистон обанбори мазкурро обанбори Андиҷон меноманд.

Сокинони деҳаҳои Қизил-Октябр дар макони эътирозҳо юрт ё чодар насб карда, гуфтанд, ин иқдом бемуҳлат хоҳад буд. Сокинони маҳаллӣ пештар дар ҳузури раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев аз табодули замин норизоӣ баён карда буданд. Онҳо аз Тошиев хостанд, ки санади табодули замин бо Узбекистон бекор карда шавад.

Тошиев рӯзҳои 24-25 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканди Узбекистон бо мақомоти он кишвар гуфтугӯи марзӣ анҷом дод. Рӯзи 26-уми март вай дар шаҳри Бишкек гуфт, ки бо Узбекистон ҳамаи масъалаҳои марзӣ ҳал ва ҳеч қитъаи баҳсӣ боқӣ намондааст. Вай гуфт, сарбанди обанбори "Кампиробод" комилан аз сӯи марзбонони Узбекистон назорат мешавад, аммо захираи обро ду кишвар ба таври муштарак истифода мекунанд.

"Дар ҳоли ҳозир атрофи 20 гектар аллакай симхор кашида шудааст. Вале ин на замини Узбекистон, балки замини мост. Ба назари ман, мо метавонем ба ҷои 50 гектар бо 20 гектар табодул кунем. Бигузор, 20 гектар дар онҳо бимонад. Он барои ҳифзи амнияти обанбор лозим аст. Барои ин бояд дубора гуфтугӯ кард. Ба ҷои ин 20 гектар мо метавонем аз дигар минтақаҳо 20 гектар замин талаб намоем", - гуфт Тошиев дар ҳузури сокинони маҳаллӣ рӯзи 19 апрел.

Сокинони маҳаллӣ бо ин пешниҳод розӣ шуданд. Мардуми деҳаи Интимаки Қирғизистон 17-уми апрел дар эътироз ба додани 50 гектар замин ба Узбекистон тазоҳуроти бидуни муҳлатро оғоз карданд.

Дар шаҳри Москваи Русия ҳам наздики сад қирғизистонӣ гирди ҳам омада, аз қарори КДАМ Қирғизистон дар робита ба марзи ин кишвар бо Узбекистон интиқод карданд.

Орозайим Норматов, яке ташкилкунандагони гирдиҳамоӣ ва узви ҳаракати "Ман розӣ нестам" гуфт, "Замини Қирғизистон - моликияти хусусии КДАМ нест. Ин ниҳод ҳақ надорад, ки бе ризоияти мардум, порлумон тасмим гирад. Мо имрӯз ҷамъ шудем ва талаб мекунем, ки роҳбарияти КДАМ бо хоҳиши худ истеъфо диҳад".

Охири моҳи марти имоли КДАМ-и Қирғизистон гуфт, масъалаи баҳси марзиро бо Узбекистон "сад дарсад" ҳал кардааст. Раиси КДАМ-и Қирғизистон гуфт, байни ду кишвар дигар қитъаи баҳсӣ боқӣ намондааст.

Алифбои нави қазоқӣ бо ҳуруфи лотинӣ ба баррасии мардум пешниҳод шуд

Алифбои нави қазоқӣ.

Сомонаи лоиҳаҳои асноди ҳуқуқии Қазоқистон рӯзи панҷшанбе лоиҳаи фармони президенти ин кишварро дар бораи баъзе аз масъалаҳои гузариш аз алифбои қазоқии кирилӣ ба алифбои нави лотиниасос нашр кард.

Мақомоти Қазоқистон охирҳои моҳи январи соли равон гузинаи нави алифбои қазоқии бо ҳуруфи лотиниро муаррифӣ карданд. Багуфтаи мақомот, алифбои нав аз миёни 40 гузина интихоб шудааст.

"Алифбои такмилшуда дорои 31 аломат аст, ки ҳамаи 28 овоз дар забони қазоқиро фаро мегирад. Ин алифбо тибқи меъёри "як овоз - як ҳарф" таҳия шудааст", - навишта буд сомонаи сарвазири Қазоқистон.

Ҳукумати Қазоқистон нақша дорад, ки тадриҷан аз соли 2023 то соли 2031 ба ҳуруфи лотинӣ гузарад.

Президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев соли 2017 дастур дода буд, ки алифбои қазоқӣ ба лотинӣ тағйир дода шавад. Ин аллакай гузинаи чаҳоруми алифбо аст, ки ҳукумати Қазоқистон пешниҳод мекунад.

Бо дастури Назарбоев пештар ду гузинаи алифбо пешниҳод шуд, вале ҳар дуи онҳо мавриди интиқоди умум қарор гирифтанд.

Расонаҳои Ғарб гузариши Қазоқистон ба ҳуруфи лотиниро "ақибнишинӣ аз олами рус" номиданд.

Ҷумҳурии Чех 62 корманди сафорати Русияро ихроҷ мекунад

Сафорати Русия дар Прага.

Русия бояд то охири моҳи майи соли ҷорӣ теъдоди дипломатҳояшро дар Ҷумҳурии Чех ба теъдоди кормандони сафорати Ҷумҳурии Чех дар Москва кам кунад.

Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Чех Якуб Кулганек иттилоъ дод. Ин маънои қатъи кор кардани 62 кормандонро дорад.

Рӯзи чаҳоршанбе Прага аз Москва талаб кард, ки то нисфирӯзии 22 апрел тасмими ирсоли 20 корманди сафорати Чехро аз Русия бозбинӣ кунад. Ба гуфтаи вазир, Москва ба ин талаб посух надод.

Кулганек гуфт, Чехия намехоҳад, муносибатҳояш бо Русия шиддат ёбанд, аммо мақомоти Чех, ба гуфтаи вай, интихоби дигаре надоранд. "Мо намехоҳем, ки тасмими мо ҳамчун таҳдид ба Русия, ба ҳамаи шаҳрвандони Русия, ки дар Ҷумҳурии Чех қарор доранд, баҳо дода шавад", - гуфт Кулганек.

Пештар аз ин порлумони Ҷумҳурии Чех аз ҳукумати ин кишвар хост, ки созишномаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ бо Русия бекор ва теъдоди кормандони сафорати Русия дар Прага то ба ҳадди 1 кас кам карда шавад.

Ирсоли 20 корманди сафорати Ҷумҳурии Чех аз Русия баъди он сурат гирифт, ки Ҷумҳурии Чех 18 корманди сафорати Русияро берун кард. Мақомоти Чех гуфтанд, ин кормандони сафорати Русия ба ниҳодҳои махсуси рус рабт доштанд. Ниҳодҳои махсуси Русия дар Ҷумҳурии Чех дар таркиши анбори аслиҳае дар соли 2014 айбдор мешаванд.

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия айбҳои эъломкардаи Прагаро рад кард.

Тоҷикистон ба маблағи 1 млрд сомонӣ векселҳои давлатиро ба фурӯш мебарорад

Бинои Вазорати молияи Тоҷикистон

Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиард сомонӣ векселҳои давлатиро бо баҳраи солонаи 2 дарсад ва ба муҳлати даҳ соли оянда ба фурӯш мебарорад. Ҳукумати Тоҷикистон дар ин бора қарори рақами 119-ро содир кардааст. Нусхаи қарор 21-уми апрел дастраси Радиои Озодӣ шуд.

Дар қарор ҳадаф аз нашри векселро "танзими қарзи давлатӣ" дар Тоҷикистон гуфтаанд. Бино бар ин қарор, векселҳо дар бозори дохилии Тоҷикистон ба фурӯш гузошта мешавад.

Ба ин тартиб, Вазорати молия вазифадор шудааст, нашру фурӯши векселҳои давлатиро ба роҳ монад ва механизми муомила бо онҳоеро, ки вексел мехаранд, муқаррар кунад.

Сокинон дар Тоҷикистон аз нашру фурӯши авроқи гаронбаҳои давлатӣ хотираи хуш надоранд. Солҳои 90-ум кишвар қисме аз маоши кормандони буҷетиро бо векселу вомбаргҳо мепардохт, ки дар ниҳоят на ҳама маблағи онро бозпас гирифтанд. Соли 2009 низ дар як маъракаи нимамаҷбурӣ ҳукумат саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро ба мардум фурӯхт, ки сокинон ҳанӯз аз он баҳрае нагирифтаанд.

Ҳамин гуна тирамоҳи соли 2017 Тоҷикистон бо нашр ва фурӯши вомбарг ва ё ба истилоҳ евробондҳо 500 миллион долларро ба муддати даҳ сол ба даст овард, ки баҳраи солонааш 7,125 дарсад аст. Мақомот гуфтанд, ин пул барои сохтмони нирӯгоҳи Роғун харҷ хоҳад шуд.

Ҳар сол Тоҷикистон ҳудуди 32 миллион доллар баҳраи ин авроқро пардохт мекунад ва соли 2020 пурра ин қарзро бояд бозпас диҳад.

Тоҷикистон барои поин овардани нархи парвозҳои чартерӣ ба Русия ду рӯз муҳлат додааст

Икром Субҳонзода

Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон ба 4 ширкати ҳавопаймоии Русия, ки парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳанд, барои поин овардани нархи билет ду рӯз муҳлат додааст.

Икром Субҳонзода, раиси Оҷонсӣ, рӯзи 22-юми апрел дар суҳбат бо хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, ин талабро дар ҷаласае вижа бо намояндагони ширкатҳои "Уралские авиалинии", UTair, "Сибирь" ва "Северный ветер" дар миён гузошт.

Ба қавли ӯ, санҷиш маълум кардааст, ки "ҳатто нархи ибтидоии парвозҳои чартерии ширкатҳои русӣ, ки аз 10 ҳазор сомонӣ оғоз меёбад, беасос баланд буда, қимати он тавассути миёнравҳо боз ҳам бештар шудааст".

"Аҳолии мо барои харидани билети гарон аз бонкҳо қарз мегиранд ва ин вазъияти молиявии бе ин ҳам душвори онҳоро душвортар мекунад. Илова ба ин, дар расонаҳо сару садо ва норозигии шаҳрвандони кишвар нисбат ба баланд будани нархи билет бениҳоят зиёд мешавад", -- гуфтааст Субҳонзода.

Вай дар суҳбат бо "Азия-Плюс" афзудааст, "ширкатҳои ҳавопаймоиро зарур аст, ба ҷойи баланд кардани нархи билет теъдоди парвози ҳавопаймоҳоро зиёд кунанд. Дар ин самт, Агентии авиатсияи гражданӣ омодааст, ҷиҳати иҷозати саривақтии парвозҳо дар асоси қарорҳои дахлдори Ситоди ҷумҳуриявӣ чораҳои дахлдор андешад."

Тамосҳои батакрори мо ба Икром Субҳонзода барои посух гирифтан ба чанд суоли дигар то ин дам бенатиҷа буд.

Бо вуҷуди оғози парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Русия парвозҳои чартерӣ ҳанӯз амал мекунанд. Мақомот мегӯянд, ба сабаби кам будани парвозҳои мунтазам, ки дар ҳафтае ду бор дар назар аст, парвозҳои чартерӣ мондаанд.

Русия моҳи марти соли гузашта бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши коронавирус марзи худро баст. Ин вазъ боис шуд, ки даҳҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз сафар ба ин кишвари муҳоҷирпазир маҳрум шуда, даромади хонаводаҳо низ кам гардад. Тибқи иттилои Вазорати меҳнату муҳоҷират, дар соли 2020 тақрибан 130 ҳазор кас аз Тоҷикистон ба муҳоҷират рафтаанд ва ин рақам дар муқоиса ба соле аз он пеш 76 дарсад камтар аст.

Мувофиқи маълумоти Бонки Миллии Тоҷикистон, мизони пулҳои фиристодаи шахсони воқеӣ аз хориҷа ба кишвар дар соли 2020 6,3 дарсад кам шудааст. Ба маълумоти Бонки Марказии Русия, муҳоҷирон соли гузашта ба Тоҷикистон 1 миллиарду 741 миллион доллар фиристодаанд ва ин рақам дар муқоиса ба соли қаблӣ 759 миллион доллар камтар аст.

Амрико солона ба Украина 300 миллион доллар кумаки низомӣ мекунад

Капитолий

Кумитаи робитаи хориҷии Сенати Амрико рӯзи 21-уми апрел аз тарҳи афзоиши ёриҳои низомӣ ба Украина пуштибонӣ кард. Ҳадаф аз ин тарҳ, кумак ба Киев дар баробари тавсеаталабиҳои Русия гуфта шудааст.

Бар пояи ин тарҳ, то соли 2026 солона ба Украина ба миқдори 300 миллион доллар кумаки низомӣ ироа хоҳад шуд, ки 150 миллион доллари он вобаста ба шароит аст.

Барои ба ҳолати иҷро даромадани тарҳ, он бояд аз сӯи Маҷлиси намояндагон тасвиб ва аз тарафи президент Ҷо Байден имзо шавад.

Киев ҳамакнун хостори кумакҳои бештар аз кишварҳои ғарбӣ барои муқобила бо таҷаммӯи низомии Русия дар наздикии марзҳои Қрими ишғолӣ шудааст.

"Дар ҳоле ки президенти Русия Владимир Путин ба ташдиди вазъ дар марз бо Украина идома медиҳад, мо бо як садо суҳбат мекунем ва бори дигар бар ҳимояти худ аз мардуми Украина ва ҳифозат аз манфиатҳои амнияти миллии наздиктари шарикони худ таъкид мекунем",-гуфт сенатор Боб Менендез, раҳбари демократи Кумитаи робитаҳои хориҷии Сенати Амрико дар як баёния.

Ҳамчунин дар ин лоиҳа гуфта шудааст, президент бояд гузориш диҳад, ки оё 20 ширкат, ки ба бунёди лӯлаи гази Nord Stream 2 кумак мекунанд, таҳрим шаванд ё не.

Амрико мухолифи такмили хатти лӯлаи газ аст, ки гази Русияро тавассути Баҳри Сиёҳ ба Олмон мерасонад.

Дар Ҳинд дар як рӯз беш аз 300 ҳазор нафар ба COVID-19 мубтало шуданд

Ҳинд дар рӯбарӯи як бӯҳрони беҳдоштӣ қарор дорад.

Ҳинд, ки бо мавҷи дувуми пандемияи коронавирус рӯ ба рӯ аст, рӯзи 21-уми апрел ҳолатҳои бештари гирифторӣ ба ин бемориро сабт кард.

Мақомоти Ҳинд рӯзи 22-юми апрел эълон карданд, ки дар 24 соати гузашта 314,835 нафар дар ин кишвар ба ин беморӣ гирифтор шуда, 2104 нафар ҷон бохтанд. Расонаҳои маҳаллӣ дар ин кишвар гуфтаанд, эҳтимол омори воқеӣ бештар аз ин бошад.

Ҳинд, ки 1,3 миллиард аҳолӣ дорад, дар ҳоли ҳозир бо камбуди бистар ё ҷойи хоб дар бемористонҳо ва дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ рӯ ба рӯ мебошад.

Дар ҳоли ҳозир Деҳлӣ -- пойтахти Ҳинд ба таври комил дар ҳолати карантин ба сар мебарад. Дар ин шаҳр натиҷаи озмоиши аз се як нафар мусбат будааст.

Мансабдорони Ҳинд гуфтаанд, дар шаҳрҳои дигар ҳам чораҳои ҷиддӣ барои пешгирӣ аз густариши коронавирус рӯи даст гирифта шудааст.

Аз оғози пандемия то кунун дар Ҳинд наздик ба 16 миллион нафар ба ин беморӣ гирифтор шуда, 185 ҳазор нафар ҷон бохтаанд.

Таркиш дар Покистон панҷ нафарро кушт ва 12 касро захмӣ кард

Таркиш рӯзи 21-уми апрел рух дод

Мақомоти Покистон гуфтанд, бар асари таркиш дар таваққуфгоҳи як меҳмонхонаи боҳашамат дар шаҳри Кветта камаш панҷ нафар кушта ва 12 нафари дигар захмӣ шуданд.

Мансабдори полис Муҳаммад Мунир гуфт, чанд мошине, ки дар наздикии меҳмонхонаи "Серена" истода буданд, рӯзи 21-уми апрел оташ гирифтанд. Гуфта мешавад, вазъи баъзе аз захмиён вазнин аст.

Гурӯҳи Таҳрики Толибон, машҳур ба Толибони Покистон, масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт ва гуфт, мақомотро ҳадаф қарор дод.

Вазири корҳои дохилии Покистон Шайх Рашид Аҳмад гуфт, як ҳайати чинӣ таҳти роҳбарии сафир дар меҳмонхонаи "Серена" қарор доштанд. Ин меҳмонхона дар паҳлӯи бинои консулгарии Эрон ва хонаи волии минтақа ҷойгир аст.

Кветта маркази аз манобеъ бойи Балуҷистон аст, аммо аз соли 2004 ба ин сӯ шоҳиди хушунатҳои мазҳабиву ҳамлаҳои ҷангҷӯёни исломгаро ва шӯришҳои ҷудоихоҳон аст. Дар ин даргириҳо ҳазорҳо кас ҷон бохтаанд.

Дар Қирғизистон навъҳои нави коронавирусро ошкор кардаанд

Бемористоне дар Бишкек

Таҳқиқ нишон додааст, ки дар миёни гирифторони бемории коронавирус дар Қирғизистон навъҳои нави бритониёӣ, африқоӣ ва ҳиндиву русӣ низ ҳастанд. Дар ин бора рӯзи 22-юми апрел масъулони Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Қирғизистон хабар доданд.

Мақомот ба шаҳрвандон тавсия додаанд, ки ниқоби тиббӣ пӯшанду масофаи ҷисмониро риоя кунанд ва агар аломати бемориро доштанд, ба пизишкон муроҷиат кунанд.

Қаблан Вазорати тандурустии Қирғизистон гуфта буд, ки озмоишгоҳҳои ин кишвар навъҳои нави бемории ҳамагирро муайян карда наметавонад ва, аз ин рӯ, мавод барои таҳлил ба Бритониё ва Русия фиристода шудааст.

Дар Қирғизистон аз аввали моҳи апрел афзоиши сирояти коронавирус ба мушоҳида мерасад. Танҳо дар рӯзи 21-уми апрел дар ин кишвар 380 мавриди нави сирояти беморӣ ва марги 5 нафар аз он сабт шудааст.

Аз оғози пандемияи коронавирус дар Қирғизистон беш аз 93 ҳазор кас бемор шуда, 1566 кас ҷони худро аз даст додаанд.

Тазоҳуроти норозиён аз натиҷаи интихобот дар Бишкек

Эътироз дар Бишкек

Намояндагони чанд ҳизби сиёсии Қирғизистон дар эътироз ба натиҷаҳои интихобот рӯзи 22-юми апрел дар назди бинои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии он кишвар тазоҳуротеро баргузор карданд.

Тазоҳургарон бекор кардани натиҷаи интихоботи маҷлиси шаҳрии Бишкекро талаб доранд. Ба гуфтаи онҳо, дар ҷараёни интихоботи вакилони маҷлиси шаҳрӣ ҳолатҳои харидани овозҳо ва суистифода аз манбаъҳои маъмурӣ сурат гирифтааст.

Ба назди тазоҳургарон муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон Абдуҷаббор Бекматов баромада, гуфт, тамоми шикоятҳоро баррасӣ карда, сипас чора хоҳанд андешид.

Дар Қирғизистон 11-уми апрел интихоботи вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор шуд. Барои 45 курсии маҷлиси шаҳрии Бишкек 1820 номзад аз 25 ҳизб мубориза бурданд. Бино ба натиҷаҳои пешакӣ, танҳо 6 ҳизб раъйи заруриро барои ворид шудан ба маҷлис ба даст овардаанд.

Дар кони тило дар Узбекистон се кас зери сангреза монд. Як нафар ҷон бохт

Акс аз бойгонӣ

Рӯзи 21-уми апрел дар кони тилои Қарахотуни вилояти Самарқанди Узбекистон се коргар зери сангреза монданд. Улуғбек Нуралиеви 42-сола дар ҷойи ҳодиса фавтид. Ду каси дигарро зинда берун оварданд.

Додситонӣ ҳодисаро тафтиш мекунад.

Ҷасади Улуғбек Нуралиевро ба пайвандонаш додаанд ва дар ҳамон рӯзи ҳодиса ӯро дафн карданд. Нуралиев се фарзанд дошт.

Коргарони кон гуфтанд, сабаби зери санг мондани ҳамкорони онҳо риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ будааст.

Ширкати куҳиву металлургии Навоӣ, ки кони тилои Қарахотун ба он тааллуқ дорад, дар соли 2020 ҷои аввалро аз рӯи ҳаҷми истихроҷи тило соҳиб шуда буд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG