Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳои ҷаҳонӣ ба интихоботи Эрон


Котиби давлатии ИМА, Ҳилларӣ Клинтон
Котиби давлатии ИМА, Ҳилларӣ Клинтон

Вокуниши доираҳои байналмиллалӣ ба интихоби дубораи Маҳмуди Аҳмадинажод ба мақоми президенти Эрон эҳтиёткорона аст.

Эълони натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон сабаби задухӯрдҳо дар хиёбонҳои Теҳрон шудааст, зеро мухолифони давлат ин натиҷаҳоро эътироф накардаанд ва мегӯянд, ки дар натиҷаҳои он ба таври густарда ба тақаллуб роҳ додаанд.

Вале дар вокунишҳои байналмиллалӣ то андозае худдорӣ эҳсос мешавад, бо вуҷуди ин ки дар Ғарб нисбат ба Маҳмуди Аҳмадинажод,
Амрико аз ҳар гуна тафсир дар мавриди интихоботи Эрон худдорӣ мекунад...
барандаи ин интихобот бадбинӣ вуҷуд дорад.

Билофосила баъд аз эълони натиҷаҳои интихобот дар рӯзи шанбе хонум Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико дар арзёбии худ чунин гуфт: "Амрико аз ҳар гуна тафсир дар мавриди интихоботи Эрон худдорӣ мекунад. Ба ҳар ҳол мо умедворем, ки натиҷаҳои он бозтоби воқеӣ ва хостҳои мардуми Эрон бошад".

Рӯзи шанбе Ҷозеф Байден, муовини раиси ҷумҳури Амрико зимни суханони худ аз телевизиони NBC гуфт, ки Вошингтон натиҷаҳои эълоншудаи интихоботро қабул дорад, вале вай ҳушдор дод, ки онҳо дар бораи шумориши одилонаи орои мардум хеле кам маълумот доранд.

Байден гуфт: "Ман шубҳа дорам, вале то замоне, ки мо дар бораи тамоми ҷараёни интихобот ва таъсири баъдии он маълумоти кофӣ ба даст наорем, аз додани тавзеҳот худдорӣ мекунем".

Аммо Байден ишора кард, ки бо вуҷуди ҳар гуна нобоварии Вошингтон роҷеъ ба интихобот Вошингтон аз сиёсати бузургтаре дар бораи оғози музокира бо Теҳрон даст намекашад.

Иттиҳоди Аврупо низ, ки ҳоло дар бораи барномаҳои ҳастаӣ бо Эрон музокира анҷом медиҳад, мисли Амрико нисбат ба натиҷаҳои интихоботи Эрон вокуниши эҳтиёткорона нишон додааст.

Дар як эъломияе, ки рӯзи шанбе мунташир шуд, аз номи 27 кишвари иттиҳод гуфта мешавад, ки "аз иддаъо дар бораи номуназзамиҳо" дар ҷараёни интихобот ва хушунатҳои баъд аз он нигарон аст.

Ҳавиер Солана, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ҳангоми вуруд ба Люксембург барои ширкат дар мулоқоти вазирони умури хориҷаи ин иттиҳодия дар ин бора рӯзи душанбе чунин изҳори ақида кард: "Ман аз рӯйдодҳои ахир ва хабарҳое, ки аз Теҳрон дар бораи хушунат мерасад, нигаронам ва хеле умедворам, ки то поёни рӯз ба хости мардум эҳтиром мегузоранд. Дар ҳар ҳол мо мехоҳем бо мардуми Эрон кор кунем ва мехоҳем корро бо мардуми Эрон ва бо раҳбарони Эрон идома диҳем".

Баъзе кишварҳои алоҳидаи Иттиҳодияи Аврупо вокуниши шадидтар нишон додаанд ва изҳори нигаронӣ кардаанд, ки ҳукумати Эрон ислоҳталабонро фиреб додааст.

Дейвид Милибанд, вазири умури хориҷии Бритониё чунин мегӯяд: "Мо сабаби рӯйдодҳои ахири Эронро бо нигаронии ҷиддӣ арзёбӣ мекунем. Шаку шубҳаҳое, ки дар бораи озоду одилона будани интихобот ба миён омадааст, зоҳиран нигаронии аслии мардуми Эрон мебошад".

Вазирони корҳои хориҷии Олмону Фаронса низ дар бораи наҳваи баргузории интихоботи Эрон ва озоду одилона будани он изҳори шубҳа кардаанд.

Аз сӯи дигар, баъзе кишварҳои минтақа Аҳмадинажодро бо пирӯзиаш дар интихобот табрик гуфтаанд. Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо ба шумор мераванд.

Маскав гуфтааст, ки ба пирӯзии Аҳмадинажод шак надорад. Кишварҳои узви Ҷомеаи Араб низ изҳори умедворӣ кардаанд, ки дар давраи баъдии раёсати ҷумҳурии Аҳмадинажод онҳо шоҳиди пешрафти муносибатҳои Эрон бо кишварҳои арабӣ ва ҳамкории Эрон барои таъмини сулҳ дар Ховари Миёна хоҳанд шуд.

Вале Дэннӣ Айлон, муовини вазири умури хориҷаи Исроил, аз давраи дуввуми раёсати ҷумҳурии Аҳмадинажод изҳори нигаронӣ кардааст ва гуфтааст, ки "маҳофили байналмиллалӣ бояд Эрони ҳастаӣ ва террори Эронро нигаҳ дорад".

Шӯрои нигаҳбони Эрон бояд дар зарфи 7 то 10 рӯз натиҷаҳои интихоботро ба тасвиб расонад ва Мӯҳсини Ризоӣ, номзади муҳофизакорон ва фармондеҳи собиқи Сипоҳи посдорони инқилоб аз Шӯрои нигаҳбон хостааст, ба қонунӣ будани натиҷаҳои интихобот расидагӣ кунад.

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии Эрон низ ба Шӯрои нигаҳбон дастур додааст, ки ба шикояти номзадҳои мухолифон расидагӣ анҷом бигирад. Шӯрои нигаҳбон бо Хоманаӣ хеле наздик аст ва Хоманаӣ пирӯзиро дар интихобот ба Аҳмадинажод табрик гуфтааст.
XS
SM
MD
LG