Мӯсавӣ ҳамчунин аз тарафдоронаш даъват кардааст, эътирозҳои қонунии худро дар саросари кишвар ба сурати мусолиматомез ва бидуни ихтилофбарангезӣ идома диҳанд.
Рӯзи якшанбе тарафдорони раисиҷумҳури кунунии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод пирӯзии ӯ дар интихоботи рӯзи 12 июнро дар як канораи Теҳрон таҷлил карданд. Тарафдорони номзади дигар Мирҳусайн Мӯсавӣ дар шимоли Теҳрон ҷамъ омаданд.Аҳмадинажод дар пайи изҳори сипос ба мардум ва тарафдоронаш гуфт, алорағми рақибони мағлубшудааш фикр намекунад, ки интихобот пуртақаллуб бошад.
Бо ин ҳол, хабарҳои расида аз Эрон ҳокии мавҷи боздоштҳо ба дунболи тазоҳуроти эътирозии рӯзи шанбе дар Теҳрон аст. Ин тазоҳурот, ки ба даргириҳо бо нирӯҳои пулис низ печид, ба дунболи эълони пирӯзии раисиҷумҳури кунунии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи рӯзи 12 июн сурат гирифтанд.
Нирӯҳои пулиси Эрон рӯзи якшанбе ҳам алайҳи тазоҳургарон дар Теҳрон, аз гази ашковар истифода бурданд. Хабаргузории Франс Пресс мегӯяд, рӯзи якшанбе ҳудуди 200 тан аз тарафдорони Мирҳусайн Мӯсавӣ алайҳи нирӯҳои пулис сангандозӣ карданд ва нирӯҳои пулис дар ҷавоб аз гази ашковар истифода бурданд. Нирӯҳои пулис ба мағозаҳои атроф низ ҳамла оварда, эътирозгаронеро, ки дар ин дӯконҳо паноҳ бурда буданд, берун кардаанд.
Дар ҳоле ки раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ раъйгирии рӯзи 12 июнро “як муҳаббати илоҳӣ” ба қалам додаву Маҳмуди Аҳмадинажод аз оғози “як марҳалаи ҷадид” хабар медиҳад, дигарон таҳаввулоти ахирро ҳамчун “кудато”, яъне табаддулот, ва як рӯзи сиёҳе барои Эрон мехонанд.
Маҳмуди Аҳмадинажод рӯзи шанбе пирӯзиаш бар номзади ислоҳталабон Мирҳусайн Мӯсавиро тавассути телевизион эълон кард ва рӯзи якшанбе дар як нишасти хабарӣ дар Теҳрон бори дигар ба машрӯъияти пирӯзиаш дар интихобот таъкид кард ва гуфт, набояд раъйи беш аз 62 дарсадеро, ки ба тарафдории ӯ раъй додаанд, нодида гирифт.
Рӯзи шанбе ҳазорон нафар аз тарафдорони ба хашм омадаи Мӯсавӣ ба хиёбонҳо рехта, алайҳи Аҳмадинажод шиъор заданд ва ҳам аз Мӯсавӣ хостанд, ки аз орои бадастовардааш дар интихоботи рӯзи ҷумъа дифоъ кунад. Аммо нирӯҳои пулис тазоҳуроти рӯзи шанберо бо истифода аз нирӯ ва гази ашковар пароканда карданд. Б
Ба дунболи он тазоҳурот, бино ба гузоришҳои расида, даҳҳо тан аз ислоҳталабон ва аъзои Ҷабҳаи мушорикат, як ташаккули умдаи ислоҳталабони Эронро боздошт кардаанд. Гуфта мешавад, бархе аз ин боздоштшудагон баъдан озод шудаанд.
Бино ба хабарҳо, Мӯҳсини Мирдомодӣ, яке аз ислоҳталабони шинохта, Муҳаммадризои Хотамӣ, бародари раисиҷумҳури пешини Эрон Муҳаммади Хотамӣ, ва Мустафо Тоҷзода, муовини собиқи вазири кишвар, аз ҷумлаи онҳое будаанд, ки рӯзи шанбе боздошт шуданд. ИРНО, хабаргузории расмии Эрон, мегӯяд, ин афрод ба даст доштан дар таҳияи тазоҳурот ва раҳбарии “ошӯбгарон” дар Теҳрон муттаҳам мешаванд. Рӯзи шанбе ҳамин тавр, теъдоде аз хабарнигоронро низ дар Теҳрон дастгир кардаанд.
Муовини раҳбари пулиси Теҳрон Аҳмадризо Родон рӯзи якшанбе гуфт, ки дар пайи намоишҳои эътирозии рӯзи шанбе наздики 170 нафарро боздошт кардаанд. Ин мақоми пулиси Эрон афзудааст, ки 10 тан аз боздоштшудагонро аз ҷумлаи таҳиягарони ошӯбҳои рӯзи шанбе шинохта, ба ҳабс гирифтаанд, вале бақияро озод кардаанд.
Наргис Муҳаммадӣ, ҳамсари Тағӣ Раҳмонӣ, як фаъоли маъруфи мазҳабӣ дар Эрон, мегӯяд, мақомот шавҳари ӯро ҳанӯз соати сеи шаб гирифтаанд, вале ӯ то ҳол намедонад, ки шавҳараш куҷост.
Мақомоти Эрон ба дунболи қатъи хадамоти SMS , ки аз рӯзи интихобот ба ин сӯ фаъол нест, дастрасӣ ба сомонаҳои интернетии Facebook and YouTube-ро низ қатъ кардаанд.
Шоҳидони айнӣ дар Теҳрон мегӯянд, фазои пойтахт ҳамчунон хеле буғранҷ боқӣ мемонад.
Ин дар ҳолест, ки бисёриҳо, аз ҷумла Алиакбар Мӯҳташамипур, раҳбари кумитаи сиёнат аз оро, ба лағви натоиҷи раъйгирии рӯзи 12 июн даъват мекунанд. Босуръат анҷом шудани шумориши оро ва масоиле, чун ҳатто дар зодгоҳҳои худ орои аз Аҳмадинажод камтар ба даст овардани номзадҳои дигар, шакку шубаҳотро пиромуни имкони вуҷуди тақаллуб ва дасткорӣ дар ҷараёни интихобот меафзояд.
Маҳмуди Аҳмадинажод рӯзи шанбе интихоботи гузаштаро ҳамчун “озоду солим” тавсиф кард ва рӯзи якшанбе низ такрор кард, ки пирӯзиаш дар интихобот хеле қотеъ ва бешакк буд. Аммо ба бовари ислоҳталабон, интихобот ҳамроҳ бо тахаллуфи фаровон сурат гирифтааст.
Мирҳусайни Мӯсавӣ дар як изҳороти катбӣ интихоботи рӯзи 12 июнро “шӯъбадабозӣ” номид ва гуфт, ки он барои ояндаи Эрон асароти харобиоваре ба дунбол хоҳад дошт. Аммо номзади умдаи ислоҳталабон ба мақоми раёсатҷумҳурии Эрон аз рӯзи ҷумъа, яъне аз рӯзи интихобот ба ин сӯ, дар мазҳари омм зоҳир нашудааст ва ин боиси бурузи ҳадсу гумонҳо пиромуни эҳтимоли таҳти ҳабси хонагӣ қарор доштани ӯ шудааст. Аммо “Мавҷ”, як сомонаи интернетии ислоҳталабони эронӣ, хабарҳо дар бораи таҳти ҳабси хонагӣ қарор доштани Мӯсавӣ ва дигар раҳбарони ислоҳталабонро радд кардааст.
Бо ин ҳол, бархе аз тарафдорони Мирҳусайни Мӯсавӣ ба нишони эътироз ба натоиҷи расман эълоншудаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва эълони пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дар ин маърака хостори баргузории як гирдиҳамоиии миллӣ дар рӯзи сешанбе шудаанд.
Вазъи пешомада дар Эрон ҳамин тавр, мояи нигарониҳои байналмилалӣ шудааст. Фаронса ва Олмон – ду кишвари умдаи Аврупо дар ин бора изҳори нигаронии амиқ карданд. Вазири умури хориҷии Фаронса Бернар Кушнер гуфт, таъқиби “бераҳмона”-и мухолифин дар Эрон ҳама дарҳои гуфтугӯро мебандад, вале ба бовари ӯ, раҳбарони Эрон тавассути хушунат ба чизе даст нахоҳанд ёфт. Вазири хориҷаи Олмон Франк-Валтер Штейнмейер низ саркӯб кардани эътирозҳо дар Эронро “ғайриқобилиқабул” номидааст.