Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон интизори номи президенти нав


Матбуоти Эрон эълон кард, ки президенти феълии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод барандаи интихобот шудааст.

Расонаҳои гурӯҳии Эрон гуфтаанд, ин хабар бар пояи натиҷаҳои шумориши ағлаби оро ба миён омадааст.

Кумиссюни марказии интихоботии Эрон мегӯяд, ба тарафдорӣ аз Аҳмадинажод 18,8 миллион раъй ва ба пуштибонӣ аз рақиби асосии ӯ, намояндаи ислоҳталабон, Мирҳусейни Мусавӣ 9,3 миллион раъй дода шудааст. Ин дар ҳолест, ки 80%-и оро шумурда шудааст.

Аммо Мусавӣ гуфтааст, далелҳои қавие дорад, ки раъйдиҳӣ бо нақзи қонун ва хилофкориҳои бузург ҷараён гирифтааст.

Тафсилоти бештарро дар давоми рӯз нашр хоҳем кард.
XS
SM
MD
LG