Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳе аз Тоҷикистон ба интихоботи Эрон


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҳмуди Аҳмадинажод ҷиҳати пиирӯзяиш дар интихобот табрикнома фиристод.

Дар ин барқия, ҷаноби Раҳмон бо муроҷиат ба Аҳмадинажод гуфтааст, "интихоб шудани Шумо дар интихоботи озод ва шаффоф ба таври барҷаста нишон медиҳад, ки мардуми Эрон аз сиёсатҳои ҷаноби олӣ дар даври аввали раёсататон пуштибонӣ мекунад."

Раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки муносибатҳои наздик ва дӯстона миёни Тоҷикистон ва Эрон дар оянда таҳким ва густариш пайдо хоҳанд кард.

Бархе аз соҳибназарони тоҷик бо таваҷҷӯҳ ба собиқа ва таҷрибаву шинохти Маҳмуди Аҳмадинажод аз Тоҷикистон низ мегӯянд, дар даври дуввуми раёсати ҷумҳурии ӯ равобити Эрон бо Тоҷикистон густариш хоҳад дошт.

Ин дар ҳолест, ки ҷамъе доираҳо ва маҳофил ба умеди бозгашти муҳаббат ва ҳарорати бар ҷойгузоштаи Муҳаммади Хотамӣ дар муносибот бо Тоҷикистон, умедвор буданд, ки номзади ҷиноҳи ислоҳталаб дар Эрон ба қудрат хоҳад расид. Вале акнун низ Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, пирӯзии дубораи Маҳмуди Аҳмаднажодро дуруст дар ростои манофеи кунунии давлатии Тоҷикистон арзёбӣ мекунад.

Ӯ мегӯяд, агар каси дигаре ба сари кор меомад, зарур буд, ки ҳадди ақал як-якуним сол бо ӯ эътимодсозӣ кунем ва шинохте аз Тоҷикистон пайдо кунад. Вале Аҳмадинажод касест, ки на танҳо шинохте дорад, балки барномаҳои вижае дар мавриди Тоҷикистон низ дорад.

ҲАМКОРИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН

Эрон сармоягузори як қатор барномаҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон, азҷумла тунели Истиқлол, мебошад.

Дар ҳоли ҳозир Эрон яке аз сармоягузорони умдаи барномаҳои иқтисодии Тоҷикистон мебошад. То кунун чандин тарҳи умдаи иқтисодӣ, ки дар замони раёсати Муҳаммади Хотамӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон ба имзо расида буд, дар ҳоли эҳдос аст. Сохтмони тунели Истиқлол, ки ҷанубу шимоли Тоҷикистонро ба ҳам мепайвандад, сохтмони нерӯгоҳи Сангтудаи-2, дар рӯдхонаи Вахш ва роҳи мошингарди Кӯлоб-Дарвоз, ки дар ҳоли сохтмон аст, аз ҷумлаи ин тарҳҳост.

Чандин тарҳи дигаре, ки тавофуқ шудааст, низ дар интизори иҷро қарор дорад. Ба назари таҳлилгарон, таҳримҳо алайҳи Эрон ва дар инзиво қарор гирифтани он кишвар то ҷое ба таъхири барномаҳои сармоягузорӣ асар гузоштааст.

ЯК АҲМАДИНАЖОДИ ДИГАР

Таҳлилгарон мегӯянд, дар чор соли баъд ҷаҳон дар баробари як Аҳмадинажоди дигар қарор хоҳад гирифт.

Ва Маҳмуди Аҳмадинажод дар чор соли гузашта ба шиддат ҳар гуна хости ҷомеаи ғарбӣ дар робита ба барномаи атомии Эронро рад карда ва ба гуфтаи таҳлилгарон то ҷое боиси афзоши таниш ва мушкил шудани равобити Эрон бо Ғарб шудааст. Ва ин нигаронӣ аз сӯи бархе таҳлилгарон матраҳ мешуд, ки имкон дорад, бо боқӣ мондани Аҳмадинажод дар қудрат шиддати ин танишҳо бештар шавад.

Аммо таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, дар чор соли баъд дунё дар баробари як Аҳмадинажоди дигар қарор хоҳад гирифт. Аҳмадинажоде, ки наметавонад таҳаввул дар равобити байнулмилал ва ангезаҳои дохили ҷомеаи Эронро сарфи назар кунад.

Аммо боз ҳам вақт довари ҳақгӯтар аст ва то чанд рӯзи дигар дунё шоҳид хоҳад буд, ки бо ҷой уфтодани таҳаввуле дар ҷомеаи Эрон ва дар сиёсати ҷаҳонӣ оё тағйире дар фикру амали Аҳмадинажод низ ба амал омадааст ё хайр. Аммо сарфи назар аз ҳамаи ин Тоҷикистон умедвори равобити густардатар бо Ирон аст.

XS
SM
MD
LG