Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарҳо дар ҷаҳон ба пирӯзии Аҳмадинажод


Эътирозҳо дар Теҳрон ба натоиҷи эълоншудаи интихобот
Эътирозҳо дар Теҳрон ба натоиҷи эълоншудаи интихобот

Нахустин вокунишҳои расида аз хориҷ ба натоиҷи интихоботи Эрон зиддунақизанд.

Даннӣ Аялон, муовини вазири хориҷаи Исроил гуфт, ки ҷомиаи байналмилалӣ бояд акнун билофосила дар пайи манъи Эрони ҳастаӣ ва террори Эрон шавад. Ӯ афзуда, ки агар то ҳол умеди хирае вуҷуд дошт, ки тағйире дар Эрон пеш хоҳад омад, интихоби Аҳмадинажод мабнӣ ба чизе бештар аз таҳдиди афзояндаи Эрон аст.

Аммо Фавзӣ Барҳум, намояндаи гурӯҳи фаластинии Ҳамос, гуфта, ки ин гурӯҳ умедвори идомаи пуштибонии Эрон аз ҳаққи фаластиниҳо ва аз мардуми фаластинист.

Раисиҷумҳури собиқи Амрико Ҷиммӣ Картер гуфта, ки кадом дигаргуние пеш нахоҳад омад, вале Аҳмадинажод акнун ба мухолифатҳои бештаре ба сиёсатҳояш рӯбарӯ хоҳад шуд. Ба бовари Картер, Аҳмадинажод ба мухолифинаш гӯш хоҳад дод ва шояд бархе мавзеъгириҳояшро таҳрир низ кунад.

Алӣ Даббоғ, сухангӯи давлати Ироқ гуфт, ки Бағдод ҳар интихоберо, ки мардуми Эрон кунад, мепазирад ва умедвори равобити дӯстона бо Эрон аст. Равобите, ки ба гуфтаи Даббоғ, мувофиқ ба усул ва арзишҳои давлати Ироқ буда, дахолати Эрон дар умури Ироқро истисно кунад.

Вазири хориҷаи Афғонистон Рангин Додфар Спанто гуфт, Кобул умедвори дидани Эрони босубот ва мустақил буда, бо ҳар нафаре, ки бар пояи иродаи мардуми Эрон масъулияти раҳбарии он кишварро бар дӯш мегирад, ҳамкорӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG